Кореяи Ҷанубӣ 4 миллион доллар кумаки башардӯстона ба Афғонистон эҳдо кард

Барномаи ҷаҳонии ғизо эълом кард, Кореяи Ҷанубӣ 4 миллион доллар барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ниёзманди Афғонистон ҷудо кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид тайи баёнияе эълом кард: Кореяи Ҷанубӣ 4 миллион доллар барои ҳимоят аз кумакҳои ғизоии изтирорӣ ва ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ дар Афғонистон ироа кардааст.

Бар асоси иттилоияи Барномаи ҷаҳонии ғизо, ин кумакҳо аз тариқи Вазорати умӯри хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ба ин созмон ихтисос ёфтааст.

Ин созмон бо эъломи ин ки соли гузашта ба 19 миллион шаҳрванди Афғонистон кумакҳои башардӯстона анҷом гирифта, таъкид кард, ки ба далели маҳдудиятҳои буҷет дар соли 2023 , кумакҳои башардӯстонаи онҳо ба 10 миллион нафар коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин росто, мудури кишварии Барномаи ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон, гуфт: “Пасандози шаҳрвандони ин кишвар коҳиш ёфта зеро охирин манобеи худро тамом кардаанд. Кумакҳои саховатмандонаи эҳдокунандагони мо монанди давлати Ҷумҳурии Корея ҳамеша барои расидан ба осебпазиртарин афрод дар саросари кишвар бисёр муҳим будааст “.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад