Толибон: Нишасти Шӯрои амният барои Афғонистон бенатиҷа буд

Сухангӯи ҳукумати Толибон изҳор дошт, нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал барои Афғонистон ба далели адами тавофуқи назар байни аъзои ин шӯрои натиҷае дар пай надошт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар вокуниш ба нишаст ахири Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Афғонистон гуфт, адами тавофуқи назар байни аъзои ин шӯро боис шуд ин нишаст натиҷае дар пай надошта бошад.

Муҷоҳид гуфт: Ба назари мо ҷаласаи Шӯрои амният чандон муваффақ набуд. Дар мавриди масоили Афғонистон иттифоқи назар вуҷуд надошт ва бинобар ин ҷаласа бенатиҷа буд.

Вай афзуд: Мумкин аст аъзо аз рӯи шитобзадагӣ масоилро ба наҳве хурду бузург кунанд то вонамуд кунанд ин натиҷаи нишаст аст.

Муҷоҳид пеш аз ин низ таъкид карда буд ҳар тасмиме, ки хилофи манофеи давлату миллати Афғонистон гирифта шавад, ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд.

Ба гузориши расонаҳо, таъини намояндаи вижаи ҷадиди Созмони Милал барои Афғонистон, ки ҳукумати Толибон бо он мухолифат кардааст аз мавзуъҳои муҳим дар нишасти Шӯрои амният буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад идомаи маъмурияти СММ дар Афғонистон, ҳамоҳангӣ ва наҳваи ҳимоят аз он низ аз мавориди баҳс дар ин нишаст буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад