Дипломати рус: Оё ғарб воқеан нигарони кӯдакони Ғазза аст?!

Намояндаи Русия субҳи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои амният дар бораи таҳаввулоти Навори Ғазза, Амрикоро омили шаҳодати 30 ҳазор нафар аз сокинони ин шаҳр эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Василий Небензия, намояндаи Русия дар Созмони Милал субҳи чаҳоршанбе тайи суханроне дар нишасти Шӯрои амният дар бораи таҳаввулоти Навори Ғазза, Амрикоро омили шаҳодати 30 ҳазор нафар аз сокинони он эълом кард.

Небензия бо баёни инки Амрико бо ҷилавгирӣ аз тасвиби қатъномаҳои Шӯрои амният барои барқарории оташбас дар Навори Ғазза боиси куштори 30 ҳазор фаластинӣ шудааст, гуфт: “Пешнависи қатъномаи Амрико муҷаввизи дигаре ба Исроил барои наслкушӣ аст “.

Вай дар вокуниш ба иддаоҳои намояндаи Амрико дар ин нишаст, тавзеҳ дод: “Муқоисаи Украина бо Ғазза дуруст нест ва Амрико, ки дар бисёре аз кишварҳо монанди Афғонистон, Ироқу Сурия даст ба наслкушӣ зада, наметавонад ба дунё дарси ахлоқ бидиҳад”.

Ба навиштаи хабаргузорӣ Спутник, ин дипломати рус идома дод: “Оё ғарб воқеан нигарони кӯдакони Ғазза аст?! Кӯдакони Ғазза барои Иттиҳодияи Аврупо, ки муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар аст, камтарин аҳамиятро низ надоранд “.

Небензия бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ моние барои вуруди кумакҳо ба Навори Ғазза эҷод мекунад, изҳор дошт: “Гуруснагии шадид дар Навори Ғазза беш аз ҳар ҷои дигар дар ҷаҳон вуҷуд дорад”.

Тибқи ин гузориш, вай бо баёни ин ки чор яки ҷамъияти Навори Ғазза бо гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд, тасреҳ кард: “90 дарсади кӯдакони зери панҷ сол аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.”

Намояндаи Русия афзуд: “Амрико ва Англис дар мавриди истифодаи Исроил аз гуруснагӣ ба унвони силоҳ дар ҷанги Ғазза суҳбате накарданд. Кишварҳои ғарбӣ дар як вазъияти бади инсонӣ [дар Ғазза], бо боҷхоҳии ошкор аз кумак ба “UNRWA” худдорӣ карданд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад