Арманистон узвияти худро дар СПАД таълиқ кард

Сарвазири Арманистон изҳор дошт, ки созишномаи СПАД дар қазияи Арманистон иҷро нашудааст ва Ереван узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Никол Пашинян, сарвазири Арманистон изҳор дошт, ки созишномаи СПАД дар қазияи Арманистон иҷро нашудааст ва Ереван узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро мутаваққиф кардааст.

Сарвазири Арманистон гуфт: Ба назари мо, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), бахусус солҳои 2021 ва 2022, барои Арманистон иҷро нашудааст ва мо наметавонем инро нодида бигирем. Мо дар ин созмон ширкати худро боздоштем. То бубинем, ки дар оянда чӣ мешавад.

Дар посух ба суол дар бораи эҳтимоли баста шудани пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, нахуствазир гуфт, ки “дар ҳоли ҳозир мо дар ин бора ҳарф намезанем”.

СПАД

Вокуниши Маскав ба таълиқи узвияти Арманистон аз СПАД

Сухангӯи Кремл имрӯз (ҷумъа) гуфт, Русия дар робита ба тасмими Ереван барои хуруҷ аз СПАД бо Арманистон тамос хоҳад гирифт.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт: “Ҷониби Арманистон дар ин замина ҳеҷ иқдоми расмӣ накардааст.” Мо ният дорем, ки бо ҳамкорон дар тамос шавем ва маънои ин гуфтахоро равшан кунем.

Вай афзуд: Дар ин маврид фаҳмидани ҷузъиёт бисёр муҳим аст ва умедворем, ки дӯстони армании мо ҳама чизро барои мо шарҳ медиҳанд.

СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1993 таъсис ёфт.

Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус узви созмон ҳастанд. Озарбойҷону Гурҷистон дар соли 1999 ва Ӯзбекистон дар соли 2012 созмонро тарк карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад