Дунё шоҳиди яке аз бузургтарин ҷиноятҳо зидди Ғазза аст

Намояндаи Уммон дар додгоҳи Гаага гуфт, ки дунё имрӯз шоҳиди яке аз бузургтарин фоҷиаҳо бар зидди Навори Ғазза аст ва Телавив бояд тамом иқдомоте, ки монеъ аз ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниҳо мешавадро мутаваққиф кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, намояндаи подшоҳи Уммон дар девони адолати байналмилалӣ дар изҳороте дар хусуси паёмадҳои ишғолгарии режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар арозии Фаластин гуфт, ки дунё имрӯз шоҳиди яке аз бузургтарин ҷиноятҳое аст, ки дар Навори Ғазза рух медиҳад.

Вай идома дод, ки фаластиниҳо аз 75 сол пеш токунун дар маъраиз ишғолгарӣ ва саркӯб ва таҳқири рӯзона зиндагӣ мекунанд.

Намояндаи Уммон дар додгоҳи Гаага хостори баррасии таҷовузҳои режими палиди саҳюнистӣ зидди ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниҳо шуда ва таъкид кард, ки ишғолгарон барои тағйири таркиби мардум шинохтӣ дар арозии ишғолӣ талош мекунанд.

Вай идома дод, ки тавофуқи байналмилалӣ дар бораи ҳаққи фаластиниҳо барои таъйини сарнавишти худашон вуҷуд дорад. Режими кӯдаккуши саҳюнистӣ бояд тамоми фаъолитҳое, ки монеъ аз ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниҳо барои худашон мешавадро мутаваққиф кунанд.

Намояндаи Уммон ҳамчунин шаҳраксозӣ ва илҳоқи арозии Фаластин ба манотиқи ишғолӣ ва муҳоҷирати иҷбории фаластинёнро бо ҳадафи тӯлонитар кардани мизони ишғолгарӣ дар Фаластин донист ва гуфт, ки идомаи ишғолгарӣ ва инкори ҳаққи фаластинён дар таъйини сарнавишти худашон ҳеҷ тавҷеҳи қонунӣ надорад.

Ҷаласоти алании девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи иқдомоти ишғолгаронаи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Фаластин аз душанбе дар Гаага оғоз шуд ва ба муддати 6 рӯз идома хоҳад дошт.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад