Тозатарин таҳаввулоти Ғазза

Дар рӯзҳои ахир, Ғазза ва мардуми Фаластин шоҳиди истодагиҳои ҷонона будаанд ва аз сӯи дигар режими саҳюнистӣ ҳам ба шиддати ҳамлаҳои худ афзудааст.

Дар рӯзҳои ахир, Ғазза ва мардуми Фаластин шоҳиди истодагиҳои ҷонона будаанд ва аз сӯи дигар режими саҳюнистӣ ҳам ба шиддати ҳамлаҳои худ афзудааст.

Узви аршади кобинаи ҷанги Исроиил: ҳеҷ дастоварде дар Ғазза надоштем

Дар ҳоле, ки маҳофил ва расонаҳо ва коршиносони саҳюнист борҳо ба шикасти Исроил дар таҳаққуқи аҳдофи худ дар ҷанги Ғазза эътироф ва таъкид кардаанд, ки ҳеҷ чашмандозе барои расидан ба онҳо вуҷуд надорад, ин бор як мақоми аршади саҳюнистӣ дар бораи адами расидани Исроиил ба дастоварди хос дар ин ҷанг ҳушдор дод.

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ номаи ҳушдоромези Годи Айзенкот, узви аршади кобинаи ҷангии режими саҳюнистиро мунташир кард, ки дар он омадааст: Исроил дар ҷанги худ алайҳи Навори Ғазза ҳеҷ дастоварди хоссе надошта ва ин ҷанг бидуни ҳеҷ иқдоми қобили таваҷҷуҳе идома ёфтааст.

Айзенкут дар ин нома, ки ҳафтаи гузашта онро хитоб ба дигар аъзои кобинаи ҷангии режими ишғолгар навишта таъкид кард: баъд аз гузашти беш аз 4 моҳ аз ҷанг лозим аст, ки ба арзёбии дастовардҳо ва рӯйкардҳои идомаи ҷанг бипардозем. Аз назари ман мо аз гирифтани тасмимҳои муҳим шарм дорем ва ба ҳамин далел таҳаққуқи аҳдофи ҷангӣ аланан душвор аст.

Вай афзуд: ба унвони мисол ҳадафи мо дар коҳиши тавонмандиҳои ҷунбиши Ҳамос дар сатҳи низомӣ ва ҳокимиятӣ, ва ҳамчунин бозгардондани боздоштшудагон (асирони исроилӣ) аз Ғазза ҳамагӣ танҳо ба шакли ҷузхӣ муҳаққақ шудаанд. Дар бораи шаҳракҳои атрофи Ғазза ҳам бо вуҷуди инки акнун хатаре ин манотиқро таҳдид намекунад, аммо мо дар заминаи беҳбуди авзои амниятии ин шаҳракҳо ҳамчунон шикаст хӯрдаем.

Айзнекут тасреҳ кард: дар сатҳи амалӣ ҳам ҳеҷ тасмими сарнавиштсозе дар 3 моҳи гузашта гирифта нашуда ва ҷанг ҳамчунон дар чорчуби расидан ба дастовардҳои тактикӣ идома дорад; бидуни инки иқдомоти бузург ё роҳбурдие анҷом шуда бошад.

Вай ҳамчунин бо ҳушдор дар бораи эҳтимоли ташдиди авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ дар остонаи моҳи Рамазон хостори гирифтани тасмимҳое барои бозгардондани шаҳракнишинон ба хонаҳои онҳо дар шимол ва ҷануби Фаластини ишғолӣ шуд ва дар ниҳоят аз Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими ишғолгар ва сӯҳбатҳои вай дар бораи «пирӯзии комил» дар ҷанги Ғазза интиқод ва таъкид кард, ки лозим аст кобинаи ҷанг бо ҷиддият дар бораи ин мафҳум баҳс кунад.

Ҳушдори Созмони Милал нисбат ба рушди физояндаи талафоти кӯдакон дар Ғазза

Бо гузашти 20 ҳафта аз ҷанги хунини Исроил зидди Ғазза ожонсҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карданд, ки ғизо ва оби покиза дар ин минтақаи муҳосирашуда бисёр камёб аст ва тақрибан тамоми кӯдакони Ғазза аз бемориҳои уфунӣ ранҷ мебаранд.

Теди Шибон, ҷонишини мудири иҷрои ЮНИСЕФ дар ин замина гуфт, ки Ғазза дар остонаи вуқуи инфиҷор дар теъдоди талафоти кӯдакон аст, ки албатта имкони ҷилавгирӣ аз он вуҷуд дорад, аммо дар сурати вуқуъ, ин иттифоқ метавонад боиси чанд баробар шудани талафоти кӯдакон шавад.

Бар асос ин гузориш дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 дарсад аз кӯдакони зер 5 солаи Ғазза дучори яке аз бемориҳои мусрӣ ҳастанд. Ин мавзуъро гузориши ЮНИСЕФ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Барномаи ҷаҳонии ғизо матраҳ карда ва ҳамчунин эълон кардааст, ки ҳудуди 70 дарсад аз кӯдакони Ғазза тайи ду ҳафтаи гузашта дучори исҳол будаанд, ки ин мавзуъ 23 баробари мизони мушобеҳ нисбат ба соли гузашта будааст.

Майк Роён, масъули авзои фавқулодда дар Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ таъкид кард, ки кӯдакони гурусна ва заиф, ки дучори шокҳои шадиди равонӣ ҳастанд, бештарин эҳтимоли ибтило ба бемориҳоро доранд. Илова бар инки кӯдакони бемор ва ба вижа кӯдакони мубтало ба исҳол имкони ҷазби комили мавод ғизоиро надоранд.

Бар асоси арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди 15 дарсад аз кӯдакони зери 2 сол дар шимоли Ғазза аз сӯи тағзияи шадид ранҷ мебаранд ва тақрибан ба шакли комил аз дастрасӣ ба кумакҳои инсондӯстона маҳрум ҳастанд. Ин омор дар ҷануби Ғазза ҳудуди 5 дарсад аст.

Ожонсҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карданд, ки ин омор дар январи гузашта ҷамъоварӣ шуда ва ба эҳтимоли фаровон авзои кунунӣ хатарноктар аз он замон аст.

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза бар асоси охирин оморҳо ба 29029 шаҳид ва 69028 маҷрӯҳ расидааст.

Ривояти такондиҳандаи пизишкони фаронсавӣ аз «ҷаҳаннами Ғазза»

Пизишкони фаронсавие, ки пеш аз ин дар бемористони аврупоии Ғазза, воқеъ дар ҷануби ин кишвар фаъолият доштанд, дар бозгашт аз Ғазза ривоятҳои дардноке аз авзои мусибатбори «ҷаҳаннами Ғазза» нақл мекунанд.

Рафаел Бити, пизишк ва низомии собиқи фаронсавӣ, ки шоҳиди ҷангҳои Югуславӣ, Лубнон, ҷанги Халиҷи Форс, Сурия ва Украина буда ва ахиран низ дар Ғазза ҳузур доштааст, мегӯяд, ки ҳеҷ кадом аз ин маворидро наметавон бо авзои Ғазза муқоиса кард.

Вай дар гуфтугӯ бо Фигору таъкид мекунад, ки ғайринизомиён ба ҳеҷ ваҷҳ имкони фирор аз ҷанг надоранд, онҳо ҳеҷ минтақае барои муҳофизат аз худашон надоранд ва садҳо ҳазор нафар аз онҳо дар хиёбонҳо ба думболи об ва ғизо мегарданд.

Ин рӯзнома ба нақл аз шоҳидони айнӣ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дастикам 25 ҳазор овора дар атрофи бемористон ҳастанд. Онҳо дар шароити бисёр хатарнок зиндагӣ мекунанд ва дар сарпаноҳҳое ҳастанд, ки аз чӯб ё пилостик сохта шудааст.

Битӣ идома дод, ки ҳудуди 3 ҳазор нафар дар дохили бемористон ва дар роҳравҳои он ҳузур доранд, аммо дар айни ҳол талош доранд роҳравҳоро барои расидагӣ ба маҷрӯҳон холӣ кунанд. Онҳо патуҳоро аз сақфҳои козиб овезон кардаанд, то битавонанд то ҳадде ҳарими хусусӣ барои худ эҷод кунанд.

Вай таъкид кард, ки ҳеҷ маҷрӯҳи низомӣ дар ин бемористон пазириш намешавад, балки фақат ғайринизомиёни маҷрӯҳ дар он ҳузур доранд.

Холид Бутариф, аз дигар пизишкони ҳозир дар Ғазза будааст. Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки чигуна тими вай муваффақ ба кор дар чунин фазое шудааст ва дар айни ҳол таъкид мекунад, ки имкони фурсат додан ба беморон барои гузарондани даврони сахтии беморӣ вуҷуд надорад, чаро, ки онҳо хонае дар ихтиёр надоранд, ки ба он бозгарданд.

Вай тавзеҳ медиҳад, ки теъдоди зиёде аз маҷрӯҳон дучори уфунат шуда ва ниёзманди қатъи узв ҳастанд, ин дар ҳоле аст, ки ҳамзамон бо ҳар инфиҷор, мавҷе аз худравҳои ҳомили маҷрӯҳон ва шаҳидон ба бемористон гусел мешаванд.

Вай идома медиҳад, ки ба иллати набуд ё камбуди имконот, бисёре аз маҷрӯҳон раҳо мешаванд то ба шаҳодат бирасанд. Бахше аз ин афрод касоне ҳастанд, ки аз ноҳияи ҷумҷумаи сар дучори осебдидагӣ шудаанд. Бештари онҳо тайи чанд соат дар роҳравҳои бемористон ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳеҷ кас наметавонд аз онҳо ҳимоят карда ё лоақал мусаккин ба онҳо тазриқ кунад, чаро, ки дорӯ бисёр кам аст.

Фигору дар идомаи тавзеҳоти худ меофзояд, ки бемористони аврупоӣ рӯзона садҳо бемор ва маҷрӯҳро пазириш мекунад, ки аз ноҳияи шикам, ҷумҷума ё сина дучор ҷароҳат шудаанд. Бисёре аз маҷрӯҳон низ бо исобати мустақим гулӯла тавассути паҳподҳои душман ё тактирандозҳои саҳюнист ҳадаф қарор мегиранд.

Холид ибни Бутариф бо қотеият аз иборати куштори ҷамъӣ дар қиболи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ зидди мардуми Ғазза истифода мекунад ва мегӯяд, ки мо шоҳиди амалиёти поксозии нажодии комилан эълоншуда ҳастем.

Идомаи ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва ҳавоӣ алайҳи Навори Ғазза

Бо гузашти 140 рӯз аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсо, ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза ҳамчунон идома дорад.

Хабарнигори шабакаи Маёдин гузориш дод, ки ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир хонаҳои маскуниро дар ғарби урдугоҳи Насирот, воқеъ дар маркази Навори Ғазза бомбаборон карданд.

Дар ҷараёни бомбаборони ин минтақаҳои маскунӣ теъдоде аз шаҳрвандони фаластинӣ ба шаҳодат расида ва шумораи дигаре низ захмӣ шуданд. Шабакаи Алҷазира низ чанд дақиқа пеш аз ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба минтақаҳои ғарбии шаҳри Хон Юнус, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза хабар дод.

Тӯпхонаи артиши режими саҳюнистӣ низ вориди амал шуда ва бахшҳое аз минтақаи Зайтунро, воқеъ дар шарқи шаҳри Ғазза ҳадаф қарор дод.

Ҳамлаҳои тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ марказ ва ғарби Хон Юнусро, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза низ ҳадаф қарор дод.

Юриши артиши режими саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзҳои гузашта низ алайҳи бахшҳои маскунии Каронаи Бохтарӣ идома доштааст.

Хабарнигори шабакаи Маёдин гузориш дод, ки низомиёни саҳюнист ба ҳамроҳи таҷҳизоти ҷангии худ ба шаҳри Тубос, воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ юриш бурданд. Ҳамчунин гузориш шуда, ки артиши режими саҳюнистӣ ин таҷҳизоти ҷангии худро ба рӯстои Барақа, воқеъ дар шимоли ғарби Ноблус гусел кардааст.

Минтақаи Барқин, воқеъ дар ғарб Ҷенин низ шоҳиди ҳамлаи ваҳшёинаи аносири артиши режими саҳюнистӣ тайи бомдоди рӯзҳои гузашта будааст.

Низомиёни саҳюнист илова бар ҳамла ба самти хонаҳои фаластинӣ теъдоди зиёде аз ҷавонони фаластиниро низ дар Каронаи Бохтарӣ ба вижа минтақаи Байти Амр, воқеъ дар шимоли Алхалил боздошт карданд.

Чанд ҷавони фаластинӣ дар минтақаи Байт Сурик дар шимоли ғарби Қудси ишғолӣ низ тавассути низомиёни саҳюнист бидуни далел боздошт шуданд. Урдугоҳи Шаафот дар шимоли қудси ишғолӣ ҳам шоҳиди ҳамлаи низомиёни саҳюнист буд.

Даргирии нерӯҳои муқовимат бо ишғолгарон дар Каронаи Бохтарӣ

Дар ҳамин бора ва ҳамзамон бо юриши Носир саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ нерӯҳои муқовимат мустақар дар ин минтақа низ барои муқобила бо ин таҷовуз ба по хостанд.

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, ки нерӯҳои муқовимати Фаластин, аносири ишғолгарро дар ҷараёни ҳамла ба шаҳри Тубос гулӯлаборон карданд. Бар асоси ин гузориш, садои тирандозиҳои густарда ва инфиҷорҳои пай дар пай дар шаҳри Тубос ба гӯш расидааст.

Манобеи маҳаллӣ низ эълон карданд, ки даргириҳо миёни нерӯҳои муқовимати Фаластин ва ишғолгарон наздики минтақаи мавсум ба «мусаллас шаҳидон» дар ҷануби Ҷенин рух додааст.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои муқовимат талош карданд аносири мутаҷовиз ба ин минтақаро гулӯлаборон кунанд.

Афзоиши низомиёни саҳюнисти ҳалокшуда дар Ғазза

Аз сӯи дигар шабакаҳои хабарӣ ба афзоиши низомиёни саҳюнисти ҳалокшуда дар даргириҳои заминӣ дар Навори Ғазза ишора карданд.

Артиши режими саҳюнистӣ эътироф кардааст, ки як низомии саҳюнисти дигар, ки пеш аз ин дар даргириҳои Навори Ғазза ба шиддат захмӣ шуда буд, ба ҳалокат расидааст.

Бар асоси эълони артиши режими ишғолгари саҳюнистӣ ин низомии ҳалокшуда узви бахши чатрбозон будааст.

Расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки Муриёнил аз бахши чатрбозон, ки дар ҷараёни даргириҳои Хон Юнус захмӣ шуда буд ба ҳалокат расидааст. Дар замони вуқуи ин даргириҳо Навъом Ҳобо ва Ритм Ҳадор ва як афсар ва чанд низомии саҳюнисти дигар низ ба ҳалокат расида буданд.

Лозим ба зикр аст, ки артиши режими саҳюнистӣ аз таърихи ҳафти октябр то ба имрӯз ба таври расмӣ аз ҳалокати 575 афсар ва сарбози саҳюнист хабар додааст.

Дар ин байн 237 низомии саҳюнист дар даргириҳои заминӣ бо нерӯҳои муқовимати Фаластин дар дохили Навори Ғазза ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин дар маҷмӯъ 2 ҳазору 928 низомии саҳюнист аз таърихи ҳафти октябр токунун захмӣ шуда, ки ҳазору 373 тан аз онҳо дар даргириҳои заминӣ бо нерӯҳои муқовимати Фаластин дар Навори Ғазза захмӣ шудаанд.

Дар миёни захмишудагон ҳоли 723 тан аз онҳо вахим гузориш шудааст.

Ҳамлаи шаҳракнишинон ба Каронаи Бохтарӣ ва оташ задани хонаҳои фаластиниҳо

Аз сӯи дигар ваҳшигарии шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи сокинони Каронаи Бохтарӣ, ки ин рӯзҳо ҳамзамон бо ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи артиши режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза ташдид шуда, ҳамчунон идома дорад.

Шабакаи Маёдин гузориш дод, ки шаҳракнишинони саҳюнист бо ҳамроҳӣ ва албатта ҳимояти низомиёни саҳюнист ба бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ҳамла карда ва хонаҳо ва худравҳои фаластиниҳоро ба оташ кашиданд.

Ин ҳамлаи аносири саҳюнист дар рӯстои Барақа, воқеъ дар шимоли ғарби Ноблус сурат гирифтааст.

Шаҳракнишинони мутаҷовиз бо ҳимояти низомиёни саҳюнист ба манзили Маҳмуд Ҳомид як шаҳрванди фаластинӣ дар вурудии рӯстои Барақа ҳамла карда ва ба самти хонаи вай бомбаи дастсоз партоб карданд, ки боиси ба вуҷуд омадани оташсӯзӣ дар ин хона ва худрави вай шуд. Онҳо ба манзили 3 шаҳрванди фаластинии дигар дар ин минтақа ҳамла карданд.

Ҳамзамон бо ин ваҳшигарии шаҳракнишинони саҳюнист, артиши режими саҳюнистӣ барои ҳимоят аз онҳо тамоми вурудиҳои аслӣ ва фаръии рӯсто ва роҳҳои иртиботии онро бо рӯстоҳои дигар баст.

Артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин монеи вуруди худравҳои имдодрсон ба рӯстои Барақа барои интиқоли захмиҳо шуд. Илова бар ин, шаҳракнишинони саҳюнист ба минтақаи Санҷал, воқеъ дар шимоли Ромуллоҳ низ ҳамла карда ва панҷараҳои бархе хонаҳоро дар ин минтақа шикастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад