Нашру тақвияти сулҳ бо муколама байни динҳо

Раиси донишгоҳи Ал-азҳар дар суханоне бо таъкид бар аҳамият гуфтугӯ байни динҳо, тасреҳ кард, ки ин гуфтугӯ зимни таҳкими дӯстӣ ва муҳаббат дар байни адён, боиси нашри арзишҳои сулҳ мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Салома Довуд, раиси донишгоҳи Ал-азҳари Миср гуфт: Гуфтугӯ байни динҳо сулҳ ва муҳаббатро барқарор ва арзишҳои онро тақвият мекунад. Ал-азҳар ҳамеша муштоқаст то пояҳои бародарӣ, ҳамкорӣ, ишқу сулҳро байни адён эҷод кунад.

Раиси донишгоҳи Ал-азҳар дар ҷаласаи ҳамандешии “Аҳамият гуфтугӯ байни динҳо” дар суханоне тавзеҳ дод, ки Ислом ба ошноӣ ва ҳамоҳангӣ байни инсонҳо дастур медиҳад ва таъкид дорад, ки чашмони худро бар ҳақиқати зиндагӣ ва мушкилоти он набандем.

Вай таъкид кард: Сулҳ як сармояи муштаракест то битавонем ба даргириҳову ихтилофот поён диҳем. Миллатҳои хушбахту муваффақ касоне ҳастанд, ки оташи ҷангро хомӯш мекунанд. Интизор намеравад сулҳ дар ҷаҳон ҳоким шавад барои инки мардуме ҳастанд, ки дар баробари таҷовузоти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо, ки рӯз ба рӯз алайҳи мардуми (Ғазза) афзоиш меёбад ва боиси шаҳид шудани беш аз 30 ҳазор нафар шудааст осеб пазир ҳастанд.

Раиси донишгоҳи Ал-азҳари Миср афзуд: Арзишҳои муштараки инсонӣ натанҳо байни Ислом ва масеҳият вуҷуд дорад, балки байни ҳамаи динҳои осмонӣ ва низ байни инсонҳое, ки фитрати солими инсонӣ доранд ҳам вуҷуд дорад.

Вай хотирнишон кард: Ботил, беадолатӣ, дуруғ ва нафрат чизест, ки ҳар дин ва ҳар ақли салим ва рӯҳи инсонӣ онро бад медонад. Бинобар ин бояд талошҳои пайгирона ва холисона барои ҳамкорӣ ва назм байни ниҳодҳои мухталиф бо ҳадафи тақвияти сулҳ ва гуфтугӯ байни тамаддунҳо идома пайдо кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад