Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазони Русия

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи мақомдорон ба пойтахти Тотористонро боздиди корӣ арзёбӣ намудаст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи мақомдорон ба пойтахти Тотористонро боздиди корӣ арзёбӣ намудаст.

Ба гузориши манбаъ:

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Русия сафар кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар мақомдорони баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба тими ҳамроҳ аз ҷумла муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ворид шудаанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ низ озими Қазон шудаанд.

Ахиран хабар дода шуд, ки президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари минтақа дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии маҷмӯии “Бозиҳои оянда” дар Қазон ширкат мекунанд.

Ин чорабинӣ аз 21 феврал то 3 марти соли равон дар шаҳри Қазон баргузор мешавад.

Тоҷикистонро 35 варзишкор дар сабқатҳои яккаву гуруҳӣ дар панҷ намуд – омехта, барномарезии варзишӣ, “Just dance” ва “Beat Saber” намояндагӣ мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;

— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;

– Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад