Суръат гирифтани таваррум дар қаламрави кишварҳои ИИАО

Аз оғози соли равон сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ИИАО суръат гирифтааст. Болоравӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узв дида мешавад.

Аз оғози соли равон сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ИИАО суръат гирифтааст. Болоравӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узв дида мешавад.

Ба гузориши манбаъ:

Моҳи январи соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст портали молиявии “Акчабар”.

Афзоиши нархҳо ба хусус дар Қирғизистон, ки мизони таваррум 0,2%-ро ташкил дод ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчунин дар ин кишвар ба болоравии нарх асосан болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ 0,4% таъсир расонд.

Сатҳи баландтарини таваррум дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи январи соли 2023 дар Қазоқистон – 9,5% ба қайд гирифта шудааст, ки дар он нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку 8,2 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 12,3 фоиз боло рафтаанд.

Афзоиши зиёди нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон – 8,6% ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар моҳи январи соли 2024 нисбат ба моҳи гузашта болоравии нархҳо ҳам ба маҳсулоти ғизоӣ, ҳам ғайриозуқа ва ҳам ба хизматрасониҳо дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъсир расонидааст.

Дар Арманистон нархҳо 1,2%, Беларус ва Қазоқистон 0,8% ва дар Русия 0,9% боло рафтаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сарвазири Арманистон аҳамияти принсипҳои бидуни табъиз барои фаъолияти бозорҳои умумӣ дар қаламрави ИИАО Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид намуд.

Ташаккули бозорҳои муштараки нерӯи барқ ва захираҳои энергетикӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё авлавият хоҳад дошт.

Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад