Коҳиши муҳоҷирати табибон аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

Норасоии кадрӣ дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, ки солҳои қаблӣ зиёда аз 4 ҳазор нафарро ташкил медод, феълан қариб ду баробар кам шудаст.

Норасоии кадрӣ дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, ки солҳои қаблӣ зиёда аз 4 ҳазор нафарро ташкил медод, феълан қариб ду баробар кам шудаст.

Ба гузориши манбаъ:

Соли гузашта аз Тоҷикистон 274 табиб ба хориҷи кишвар муҳоҷират кардаанд, изҳор дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вай зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки муҳоҷирати хориҷии табибон коҳиш ёфтааст, чун соли 2022 ин омор 457 нафарро ташкил медод. Вай афзуд, ки инчунин соли гузашта беш аз 100 табиб аз хориҷа баргашта дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор табиб ва 391 корманди миёнаи тиб намерасад. Ҳозир 91%-и воҳидҳои кории табибон банд буда, аз корманди миёнаи тиб ин нишондод ба 99% мерасад, изҳор дошт вазир.

Дар таносуби минтақаҳо Абдуллозода иттилоъ дод, ки дар Хатлон 748 табиб намерасад ва мушкили норасоии ҳамшираҳои шафқат ҳал шудааст. Дар Суғд 545 табиб намерасад.

Ин омор дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ба 361 табиб ва 151 корманди миёнаи тиб баробар аст. Дар муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ҷои кори 23 табибу 7 корманди миёнаи тиб феълан интизори мутахсисон аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазир беш аз 22 ҳазор дар донишгоҳҳои олии тиббии Тоҷикистон ва зиёда аз 68 ҳазор дар коллеҷҳои тиббӣ таҳсил мекунанд.

Танҳо соли гузашта коллеҷҳоро қариби 15 ҳазор нафар хатм кардаанд, дар ҳоле, ки ба гуфтаи вазир норасоии кормандони миёнаи тиб камтар аз 400 нафарро ташкил медиҳад.

Вазир таъкид намуд, ки дар сурати ҳозир шудани хатмкунандаҳо ба ҷои кор мушкил пурра ҳал мегардад ва афзуд, ки корро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тақвият мебахшанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ оиди тарки Ватан кардани табибон гуфтааст.

Абдуллозода гуфт: “Дар соли 2021 бо сабаби банд будани сарҳадҳо муҳоҷирати меҳнатии табибон ба қайд гирифта нашуд.  Вале дар соли 2022 674 табиб ва 1350 ҳамшираи шафқат ба муҳоҷиарти меҳнатӣ ба дигар давлатҳо рафтанд. Мо наметавонем гуфт, ки дар ин кишварҳо аз рӯи ихтисос кор мекунанд ё ба дигар кор гузаштаанд.”

Ӯ сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя маънидод кард.

Вазири илова кардааст: “Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд.   Қисми дигар барои такмили ихтисос мераванд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъзе донишҷӯён ба дигар давлатҳо барои гузаштани орденатураи клиникӣ рафаанд”.

Вай ҳамчунин гуфт, ки то ҳол дар кишвар 4725 табиб ва ҳамшираи тиб намерасад. Аз ин 3024 табиб ва 1701 ҳамшираи тиб мебошанд.

Вазъи норасоии табибон дар минтақаҳо чӣ гуна аст?

Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, айни ҳол, дар вилояти Хатлон 1157 табиб ва 2212 ҳамшираи тиб, дар вилояти Суғд 610 табиб ва 480 ҳамшираи тиб ва дар ВКМБ 58 табиб ва 9 ҳамшираи тиб намерасад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ВМКБ норасоии кадрии ҷиддӣ ба назар намерасад ва дар шаш моҳи соли равон танҳо як нафар корманди тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаасту халос.

Кадом табибон намерасанд?

Вазири тандурустӣ гуфт, дар кишвар аз ҳама бештар табиби оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд.

Роҳи ҳал кадом аст?

Ин мушкилро, ба гуфтаи раиси Вазорати тандурустӣ, метавон тавассути кадрҳои нав ҳал кард.

Ҳамин тариқ, ба иттилои вазир, имсол, аз ҳисоби мутахасисони ҷавон 1543 нафар баъди интернатура  ва 124 нафар баъди ординатура ба кор ҷалб карда шуда, онҳо аз 1 август ба кор оғоз мекунанд.

«Имсол бояд беш аз 2000 нафар хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ ба кор шурӯъ кунанд. Мо метавонем мушкилотро бо ин чаҳорчӯба ҳал кунем. Дар мавриди нарасидани ҳамшираҳои шафқат, имсол қариб 3,5 ҳазор хатмкунанда соҳиби дипломи ҳамшираи шафқат хоҳанд шуд», – гуфт вазир.

Омор тағйир наёфтааст

Ёдовар мешавем, ки дар нишасти матбуотии моҳи февралӣ низ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки дар кишвар 674 духтур намерасад ва он замон ҳам ӯ гуфта буд, ки яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибон имтиёзҳое аст, кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд.

Он замон вазир гуфта буд, ки дар вилояти Суғд 180 пизишк ва корманди миёнаи тиб, дар вилояти Хатлон 120 нафар пизишк ва ҳамшираи тиб, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 128 духтуру корманди миёна тиб, дар Душанбе 115 пизишк ва дар ВМКБ 11 пизишк намерасад.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб  кор мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад