Гузаштаи истиъмории Ғарб, бахши шармовар дар таърихи он аст

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки сиёсати истеъмории Ғарб дар ақсонуқоти ҷаҳон аз ҷумлаи Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин ба аслитарин муаллифаи бесуботе дар равобити байналмилал бадал шуда ва монеи тавсеа ва рушди башарият аст.

Владимир Путин, дар нутқи хушомадгӯии худ дар маҷмаъи байналмилалӣ «Барои озодии миллатҳо» гуфт: истеъмори нав мероси шармовари чандин қарн тороҷ ва истисмори мардуми Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин ва ҳамчунин соири манотиқ курраи хокӣ аст. Мо намуди хасмонаи онро дар талошҳои Ғарб барои ҳифзи султаи худ ба ҳар қимате дидаем то кишварҳои дигарро аз лиҳози иқтисодӣ мутеъ ва онҳоро аз ҳаққи ҳокимияташон маҳрум ва арзишҳо ва суннатҳои бегонаро бар онҳо таҳмил кунад.

Вай таъкид кард: чунин сиёсате ба яке аз муаллифаҳои аслии бесуботии равобити байналмилал ва монее барои рушди башарият бадал шудааст.

Владимир Путин ҳамчунин тасреҳ кард, ки Русия дар ростои аз байн бурдани решаҳои сохтори истеъморӣ ва ҳимоят аз ҷунбишҳои миллии озодихоҳона талоши зиёде кардааст. Ба гуфтаи вай, Маскав барои кишварҳои ҷавони мустақил ва дар ростои таъмини амният, босаботсозии иқтисодӣ ва ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ ва башардӯстона кумакҳои малмусе фароҳам овардааст.

Вай таъкид кард: имрӯз мо дар муборизамон барои озодӣ ва адолати ҳақиқӣ ва истиқрори як назми ҷаҳонии чандқтбӣ ва демократик, омодаи таҷмии талошҳо ҳастем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад