Вокуниши Ал-азҳар ба иқдоми ҷанҷолофарини футболбози тими мисрӣ

Мухолифон ин иқдоми ӯро нописанд ва зидди исломӣ ва аз суи дигар мувофиқон ин иқдом ва зиёратро хуб ва онро як суннати писандида тавсиф карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, пас аз онки Муҳаммад Ҳонӣ, футболбози тими Ал-аҳлии Миср тасовире аз зиёрати худ аз мақоми “Раъс-ул-ҳусайн” дар Қоҳираро ба иштирок гузошт, ҷанҷоли бисёре дар миёни корбарони шабакаҳои маҷозӣ ба вуҷуд омад.

Дар пайи ин ҷанҷол, донишгоҳи Ал-азҳари Миср ва Дор-ул-ифтои ин кишвар дар вокуниш ба ин иқдом, зиёрати қабри хонадони паёмбарро аз бартарин савобҳо ва сабаби наздикӣ ба Худованди Мутаол хонду гуфт, аз суи Паёмабри Акрам (с) бисёр ба он тасия шудааст.

Абдулазиз Наҷор, яке аз олимони Ал-азҳар низ дар як барномаи телевизионӣ таъкид кард, ба касоне, ки ба зиёрати масҷидҳо ва қабрҳои хонадони Паёмабри Акрам (с) намераванд ва онро нописанд медонанд, мегӯям, дар ҷаҳлу нодонии худ зиндагӣ кунед.

Ба назар мерасад бо вуҷуди солҳо сармоягузорӣ ва таблиғи ваҳҳобият дар Миср бо ҳадафи нописанд нишон додани зиёрат ва тавассул ба хонадони Паёмбар (с), мардуми ин икшвар аз ақидаи худ даст накашидаанд.

Мақоми “Раъс-ул-ҳусайн” макони дафн ё нигаҳдории сари Ҳусайн ибни Алӣ (р), набераи Паёмбари Акрам (с) аст.

Масҷиди Ҳусайн (р), яке аз муқаддастарин маконҳои исломӣ дар Миср аст, ин масҷид ҷойи маъруфтарин ва қадимитарин нусхаҳои комили Қуръони Карим мебошад. Ин масҷид ҳамасола зоирони бисёре дорад.

Ҳушдори Ал-азҳар дар бораи ҷараёни фоҷиаи инсонӣ дар Рафаҳ

Донишгоҳи Ал-азҳар ҳамчунин дар робита ба ҳамла ва наслкушии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ вокуниш нишон дод ва ба шиддат ин иқдомро маҳкум кард.

Ал-азҳар нисбат ба вуқуъи фоҷиаи инсонии бесобиқа дар сурати сукут дар баробари барномаҳои ҷинояткоронаи Исроил ва хатари ҳамлаҳо ба Рафаҳ, ки 1 миллиону 500 ҳазор овора дар онҷо ҳастанд, ҳушдор дод.

Донишгоҳи Миср дар идома бар аҳамияти иттиҳод барои муқобила бо ҷиноятҳои Исроил алайҳи Рафаҳ таъкид кард, ба вижа, ки гӯши ин режим барои шунидани дархостҳои ҷаҳонӣ аз суи қудратҳои таъсиргузор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кар шудааст.

Ал-азҳар баён кард, агар имрӯз ва фардо ба фаластиниҳо кумак нашавад, даҳҳо ҳазор инсони бегуноҳ, аз мардону занону пиронсолон ва кӯдакону ҷавононе, ки дар ин шаҳр ҳастанд бо наслкушии ҷадиде рӯбарӯ хоҳанд шуд, ки ба омори наслкушии 75-солаи ин режим изофа хоҳад шуд.

Донишгоҳи Миср аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қудратҳои таъсиргузор дархост кард дар баробари таҳдидҳои фоҷиабори режими Исроил аз ҷумла ҷилавгирӣ аз расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва аз байн бурдани ҳамаи инфрасохторҳо дар Ғазза ба вазифаи худ амал кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад