Ҳалок шудани 570 низомии артиши таҷовузгари саҳюнистӣ

Артиш режими саҳюнистӣ ба ҳалокати 570 низомии худ аз оғози набарди Ғазза (ҳафтуми октябр) токунун эътироф кард.

Артиш режими саҳюнистӣ ба ҳалокати 570 низомии худ аз оғози набарди Ғазза (ҳафтуми октябр) токунун эътироф кард.

Артиши режими саҳюнистӣ эълон кард, ки як нафар аз низомиёнаш дар даргириҳои Ғазза ба ҳалокат расидааст, ки бо ҳисоби ин як нафар, шумораи куштаҳои артиши таҷовузгари Исроил ба 570 нафар аз ибтидои ҷанги Ғазза (ҳафтуми октябр) афзоиш ёфт.

Рӯзномаи Ҳооретз ба нақл аз вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ навишт, ки аз шуруи ҷанг то ба имрӯз 5500 афсар ва низомии исроилӣ таҳти дармон қарор гирифтааст.

Расонаҳои ибризабон ҳамчун рӯзномаҳои Ҳооретз ва Маориу ва Идиут Оҳоронут ва… ба ифшои дурӯғгӯии артиши саҳюнистӣ дар бораи талафоти худ дар ҷанги Ғазза эълон карданд, ки артиши Исроил талафоти воқеии худ дар ҷангро пинҳон мекунад ва оморе, ки дар бораи талафоти нерӯҳои худ аз 7-и октябр токунун ироа дода, бисёр камтар аз омори воқеӣ аст.

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс дар гузорише эълон кард, ки артиши Исроил теъдоди воқеии маҷрӯҳони худ аз ибтидои ҷанги Ғазза токунунро пинҳон мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад