Вазири молия мизони қарзи кишварро эълом кард

Мақомоти Тоҷикистон дар соли гузашта 26 созишномаи ҷадидро барои ҷалби маблағҳо имзо намудаанд, ки дар таркибашон ҳамагӣ 33,5% қарз гуфта мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия эълом кард, ки қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали соли равон дар маҷмуъ ба 3,6 млрд доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар таркиби қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар қарзи берунӣ ва 400 млн долларро қарзи дохилӣ ташкил медиҳад.

Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар сатҳи бехатар қарор дорад ва таносуби қарз дар нисбати маҳсулоти дохилиро зикр намуд.

Ӯ гуфт, қарзи умумии давлатӣ ба ҳудуди 30%-и ММД ва қарзи хориҷӣ наздики 27%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузашта рушди беш аз 8%-ӣ нишон дода, ба гуфтаи вазир наздик ба 131 млрд сомонӣ расид.

Вазир таъкид намуд, ки иҷрои уҳдадориҳои молиявии хориҷии Тоҷикистон дар доираи нақша амалӣ гардида, қарздорӣ аз рӯи иҷрои он дар назди созмону давлатҳои алоҳида ҷой надорд.

Ҳаҷми маблағе, ки соли 2023 аз буҷа барои пардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон равона шудаанд, вазири молия беш аз 274 млн доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.

Вай афзуд, инчунин соли гузашта 26 созишномаи ҷадид барои ҷалби маблағ ба татбиқи 24 тарҳ баста шуд, ки пули он наздики 572 млн долларро ташкил дод, ки аз ин 374 млн доллар ё 65% грант, қариби 192 млн доллар ё 33,5% қарз буда, 6 млн доллари боқимонда саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад