Поёни музокироти Миср ва Исроил дар бораи оташбас дар Ғазза

Барасоси эъломи расонаҳои режими саҳюнистӣ, пас аз поёни музокироти Миср барои дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза, ҳайати музокиракунандаи саҳюнистӣ ба Тел-авив бозгаштааст.

Баи гузоришии ТоҷикПресс, бар асоси охирини гузоришҳо музокироти Миср ва Исроил дар Қоҳира дар робита ба ҷанги Ғазза поён ёфта ва ҳайати режими саҳюнистӣ ба Тел-авив баргаштааст.

Канали 12 режими саҳюнистӣ гузориш дод, ҳайати исроилӣ ба раёсати раиси Моссад бидуни ҳеҷ нишонае аз пешрафт Қоҳираро тарк кардааст.

Хабаргузории Ассошиатед Пресс дар гузорише аз пешрафти музокироти Қоҳира барои барқарории оташбас дар Ғазза хабар дод.

Ин хабаргузорӣ дар гузорише аз қавли 2 мақоми огоҳ ба раванди дидор байни тарафҳо дар пойтахти Миср навишт, ки режими саҳюнистӣ ва Ҳамос ба тавофуқе, ки ҳадаф аз он барқарории оташбас ва озодии асирони исроилии дар дасти Ҳамос аст, наздик шудаанд.

Дар ин гузориш омадааст: Як мақоми аршади мисрӣ эълом кард, ки музокирот байни Исроил ва Ҳамос бо миёнҷигарии намояндагони Қатар, Амрико ва Миср ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёфтааст.

Ин гузориш меафзояд: Ба гуфтаи ин мақоми мисрӣ қарор аст намояндагони Қатар, Амрико ва Исроил дар идомаи ин музокирот дар як нишасти аз қабл барномарезишуда ширкат кунанд.

Узви дафтари сиёсии Ҳамос: Исроил маҷбур ба музокира аст

Узви дафтари сиёсии ҷабҳаи муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос гуфт: Нетаняҳу фаҳмидааст, ки нобуди Ҳамос ва муқовимат ғайримумкин аст, ба ҳамин хотир маҷбур ба музокира шуд.

Ҳисом Бадрон таъкид кард, ки феълан зуд аст дар мавриди ҷузиёти музокироти Қоҳира суҳбат кунем.

Вай изҳор дошт, ки мо аз миллати худ дифоъ мекунем ва бо режими ишғолгар бо имконоте, ки дар ихтиёр дорем, муқобила мекунем.

Бадрон тасреҳ кард, ки исроилиҳо маҷбур ба музокира ҳастанд, зеро роҳе ҷуз ин барои озодии асирони худ надоранд.

Вай гуфт: Ин Нетаняҳу аст, ки монеи дастёбӣ ба тавофуқ мешавад ва ҷиноёти ин режим дар Навори Ғазза чи вориди Рафаҳ шавад ё не, идома дорад.

Ҳисом Бадрон изҳор дошт: Ба назар мерасад ҳануз иродае барои дастёбӣ ба тавофуқ назди давлати Амрико вуҷуд надорад.

Шикояти нави Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ

Манобеи хабарӣ аз шикояти нави Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хабар доданд.

Хабаргузории “Reuters” гузориш дод, ки Африқои Ҷанубӣ дар робита ба ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ алайҳи Исроил дархости фаврӣ ирсол кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ нахустин дархости баррасии ироаи Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистиро баррасӣ карда ва эълом кард, ки ин режим дар авоили моҳи феврал дар Навори Ғазза даст куштори дастаҷамъӣ задааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар мавриди шикояти Африқои ҷанубӣ алайҳи ин режим, иттиҳоми наслкуширо даҳшатнок ва шигифтангез хонду гуфт, ҷанг дар Ғаззаро идома хоҳад дод.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ эълом кард, ки Никарагуа дар робита ба шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дархост ирсол кардааст. Бар асоси эъломи ин додгоҳ, Никарагуа аз ин додгоҳ хостааст, ки ба унвони як тараф дар даъвои Офриқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ вориди мурофиа шавад.

Хабарнигорон ҳадафи аслии неруҳои исроилӣ дар Рафаҳ

Исроил бо ҳамла ба хабарнигорон ва тарсондани онҳо талош мекунад ҷиноятҳояш алайҳи кӯдакон, занон ва ғайринизомиёнро пинҳон кунад.

Як паҳподи исроилӣ гуруҳе аз хабарнигоронро дар шимоли Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза ҳадаф қарор дод, ки бар асари он Исмоил Абуумар, рӯзноманигор ва Аҳмад Матар, рӯзноманигор захмӣ шуданд.

Дафтари расонаҳои давлатӣ дар Ғазза эълом кард: Артиши ишғолгар дониста барои панҷуминбор авомили шабакаи Ал-ҷазараро дар як ҷинояти комил ва хилофи қавонини байналмилалӣ ҳадаф қарор дод.

Дафтари расонаҳои давлатӣ дар Ғаззаи афзуд: Артиши ишғолгар дар ҷараёни ҷанги Ғазза аз 7 октябр бо ҳамла беш аз 126 хабарнигори зану мардро кушта ва 10 хабарнигорро дастгир ва бисёре аз онҳоро захмӣ кардааст.

Дафтари расонаи давлатии Ғазза дар идома гуфт: Мо ҳамлаи артиши Исроил ба хабарнигорони Ал-ҷазираро ба шиддат маҳкум мекунем ва аз иттиҳодияҳои матбуотӣ ва расонаҳо, ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ низ мехоҳем, ки ин ҷиноятро маҳкум кунанд. Мо аз ҳамаи онҳо мехоҳем, ки ишғоли ҷинояткоронаро маҳор кунанд ва бар он фишор биоваранд то ин ҷанги ҷинояткорона алайҳи рӯзноманигорону ғайринизомиён, кӯдакону занон мутаваққиф шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад