Амрико шарики аслии режими саҳюнистӣ дар наслкушии Ғазза

Амрико мушаввиқ ва шарик аслии ҷиноёте аст, ки саҳюнистҳо дар Ғазза анҷом медиҳанд. Дар ҳақиқат бидуни ҳимояти Амрико мавҷудияте ба номи режими саҳюнистӣ қобили давом нахоҳад буд.

Ҷиноёти режими Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ ва алайҳи ғайринизомиён ба қадре фарогир шуда, ки ҳоло пас аз Ҷозеф Баррел масъул сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Берни Сандерс сенатори демократи Иёлати Вермонти Амрико низ тайи суханоне бо интиқод аз нақши давлати Амрико дар наслкушии Ғазза гуфт: ин бомбаҳо ва таҷҳизоти низомии мо ҳастанд, ки тавассути Исроил мавриди истифода қарормегирад ва он чи, ки акнун дар Ғазза иттифоқ меафтад бо долларҳои молиёт диҳандагони амрикоӣ таъмин мешавад.

7 октябр 2023 ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, ки бештар бономи ихтисории он яъне “Ҳамос” шинохта мешавад як ҳамлаи ғофилгиркунандаи чанд ваҷҳӣ ба режими ҷинояткори Исроил анҷом дод, ки дар он беш аз 1500 исроилӣ кушта ва ҳадди ақал 3700 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин ҳамла аз назари тактикӣ, мавқеияти бартарии деринаи режими саҳюнистиро коҳиш дод ва тасвири он ба унвони кишваре, ки бар ҳар душман ё гурӯҳе аз душманон дар минтақа бартарии низомӣ дорадро ба куллӣ аз байн бурд.

Вокуниши сиёсӣ ва низомии Исроил ба ин ҳамла боиси сардаргумӣ, нобоварӣ ва дархостҳои сареъ барои посухи қотеъ ва ваҳшёна аз сӯи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуши Исроил шуд ва дар ин миён вокуниши Амрико ва Ғарб ба воқоаи 7 октябр сареъ, ошуфта ва эҳсосӣ буд ва бечуну чаро аз режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳимоят кард ва Ҷо Байден амалиёти Ҳамосро ба унвони «бадтарин қатли оми яҳудиён аз замони Холокост» тавсиф кард, дар ҳоле, ки заминаи сиёсии вуқӯъи рӯйдоди “Тӯфони Ал-Ақсо”, ки шомили ишғоли низомии 75 солаи режими саҳюнистӣ ва муҳосираи комили ғайри инсонии Навори Ғазза аз соли 2007 мешавадро нодида гирифт. Гӯё таърихи даргирии Фаластин ва Исроил аз соати 6:30 дақиқа субҳи рӯзи шанбе 7 октябри 2023 оғоз шудааст.

Дар тули чанд соат пас аз ҳамлаи муқовимати исломии Ҳамос ба мавозе режими ғосиб ва ҷинояткори Исроил, Иёлоти Муттаҳида шурӯъ ба интиқоли киштиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба минтақа кард то ҳар он чи Исроил ба он ниёз дорадро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад бинобар ин теъдоди зиёде ҳавопаймо ба самти пойгоҳҳои низомии Амрико дар саросари Ховари Миёна гусел шуда ва неруҳои амалиёти вижа ба артиши Исроил пайвастанд то дар амри барномарезӣ ва иттилоот кумак кунанд.

Дар маҷмӯъ бояд гуфт наслкушӣ дар Ғазза бидуни ҳимояти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва аврупоӣ ва инфиоли Созмонҳои байналмилалӣ, ҳатто як рӯз ҳам давом намеовард. Амрико мушаввиқ ва шарик аслии ҷиноёте аст, ки саҳюнистҳо дар Ғазза анҷом медиҳанд. Дар ҳақиқат бидуни ҳимояти Амрико мавҷудияте ба номи режими саҳюнистӣ қобили давом нахоҳад буд.

Сафарҳои пай дар пайи  мақомоти Амрико, аз ҷумла вазири умури хориҷа, вазири дифоъ ва раиси ҷумҳур ба Фаластини ишғолӣ он ҳам дар бҳбуҳаи таҳоҷум ба Ғазза ва ширкати онҳо дар ҷаласоти шӯрои ҷанги режими саҳюнисти, ки дар 75 соли гузашта бесобиқа будааст, ба хубӣ нишондиҳандаи нақши барҷаста ва мушорикати қотеи Амрико дар ҷанги Ғазза аст чунонки рӯзномаи ибризабони Едиот Аҳаронот, бо интишори гузорише навиштааст: «Вашингтон бар асоси манофеаш дар минтақа ба ҷойи Телавив фармондеҳи ҷанги кунунӣ дар Ғаззаро бар уҳда дорад.» Илова бар ин коршиносон ва стратегиястҳои низомии Амрико ҳам шубона рӯз ба шакли ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ дар утоқи ҷанги режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва майдон ҳузур доранд ва ба ироаи мушовираҳои ҷангӣ ба кобинаи ҷангии Нетаняҳу идома медиҳанд.

Дар ин муддати кӯтоҳ Кохи Сафед ҳудуди 10 миллиард доллар кумаки молӣ ҳам дар ихтиёри Телавив қарор додааст. Дар канори ҳимоятҳои бедареғи сиёсӣ дипломатики расонаӣ ва молии Амрико, кумакҳои низомӣ, амниятӣ ва дифоӣ ҳам омили аслии равшан мондани матори куштори ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза аст.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад