Ҷабборов: ИМА дар масоили дохилии Қирғизистон дахолат накунад!

Раисҷумҳури Қирғизистон бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷаи Амрико аз ин кишвар хост, то дар умури дохилии Қирғизистон дахолат накунад.

Раисҷумҳури Қирғизистон бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷаи Амрико аз ин кишвар хост, то дар умури дохилии Қирғизистон дахолат накунад.

Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар посух ба номаи Антони Блинкин, вазири умури хориҷаи Амрико, ки гуфта буд қонуни «авомили хориҷӣ» бар рӯи созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ дар ин кишвар иҷро нашавад, аз вай хост дар умури дохилии Қирғизистон дахолат накунад.

Ҷабборов дар посух ба номаи Блинкин изҳор дошт: вазири умури хориҷаи Амрико дар мавриди авзои воқеии ҳуқуқи башар ва озодӣ дар Қирғизистон ҳеҷ тасаввури айнӣ надорад.

Раисҷумҳури Қирғизистон илова кард: дар воқеъ аксарияти қариб ба иттифоқи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Қирғизистон шарофатмандона кор мекунанд, аммо як гурӯҳи кӯчак, аммо бисёр пур сару садо аз созмонҳои ғайридавлатӣ вуҷуд дорад, ки ҳомиёни молии худро гумроҳ мекунад.

Раисҷумҳури Қирғизистон илова кард: дар воқеъ аксарияти қариб ба иттифоқи созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишвари мо шоиста ва содиқона кор мекунанд. Танҳо як гурӯҳи кӯчак, аммо бисёр пур сару садо аз ин сохторҳо, ки тавассути давлатҳои хориҷӣ таъмини молӣ мешавад ва бархе намояндагони онҳо манбаи иттилооти ғайрмуувассақ барои ҳомиёни молии худ ҳастанд.

Ҷабборов дар идома аз вазири умури хориҷаи Амрико хост, то дар умури дохилии Қирғизистон дахолат накунад, зимни инки вазъияти дохилӣ дар ин кишвар дар 3 соли ахир ҷойгоҳи беҳтаре пайдо кардааст.

Гуфтанӣ аст, дар моҳи январ Блинкин номаеро ба Вабборов ирсол кард, ки дар он аз вай хост, ки қонуни «авомили хориҷӣ»-ро тасвиб накунад.

Дар ин миён Блинкин таҳдид кард, ки фаъолони иҷтимоӣ ва бозаргонони амрикоӣ равобити худро бо Қирғизистон мутаваққиф хоҳанд кард, зеро зоҳиран қонун монеъ аз кори онҳо мешавад. Инро наметавон чизе ҷуз дахолат дар умури дохилии Қирғизистон номид.

Раисҷумҳури Қирғизистон дар номаи худ унвон кардааст: тағйирот ба самти беҳтар шуданро ҳамватанони мо аз наздик эҳсос мекунанд, ки акнун ба ояндаи беҳтар умед доранд, шурӯъ ба касби даромади бештар мекунанд ва ба оянда эътимод доранд.

Ҷабборов идома дод: давлат ҳамонтавр, ки тақвият мешавад, таомул бо ҷомеаи маданиро ташдид мекунад. Ҳамчунин равобити мутақобил байни мақомот ва мардум аз тариқи «курултои халқ» барқарор шудааст.

Вай афзуд: давлати Қирғизистон талош мекунад вазоифи роҳбурдиро барои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва ҷомеа ҳал кунад.

Раисҷумҳури Қирғизистон мӯътақид аст, ки пешнависи қонун дар мавриди созмонҳои ғайридавлатӣ барои контроли фаъолити ин созмонҳо зарурӣ аст ва танҳо «ронтхорон» бо он мухолифат мекунанд.

Вай ба Блинкун пешниҳод кард, ки ба Қирғизистон сафар карда ва чигунагии иҷрои ҳуқуқ ва бо озодиҳои башар дар ин кишвар ошно шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад