Ҷузъиёти ҳамлаи ваҳшиёнаи саҳюнистӣ ба Рафаҳ

Режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ ба Рафаҳ ҳамла кард ва сабаби шаҳодати беш аз 100 нафар шуд ва тамоми қоидаҳоро зери по гузошт.

Режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ ба Рафаҳ дар ҷанубитарин нуқтаи Навори Ғазза ҳамла кард ва сабаби шаҳодати беш аз 100 нафар шуд. Дар ҳоле, ки пештар иддао мекард пеш аз амалиёт алайҳи ин шаҳр, кридури амне барои оворагон эҷод хоҳад кард.

Шумораи қурбониёни ҳамлаи бомдоди рӯзи душанбе (12 феврал) режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ ба беш аз сад шаҳид ва даҳҳо маҷрӯҳ расидааст. Масъалае, ки таъйидгари нигаронии Созмони Милал ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, дар бораи ҳамлаи заминии низомиёни исроилӣ ба ин шаҳри мамлув аз оворагони фаластинӣ аст, ки ба иҷбори ҳамин низомён аз манотиқи мухталифи Ғазза ба ин минтақа паноҳ овардаанд.

Ҳамлаи хунини ногаҳонӣ

Ҳамлаи ногаҳонии бомдоди рӯзи душанбеи режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ воқеъ дар ҷанубитарин минтақаи Навори Ғазза ва дар марзи Миср, сукути шиканандаи ин шаҳрро дар ҳам шикаст ва ваҳшати сокинон ва оворагони фаластинии сокин ин шаҳрро барангехт. Онҳо бо садои ҷангандаҳои исроилӣ, ки маҳаллаи Шобура, воқеъ дар марказ ва чандин минтақа дар шарқи шаҳрро ҳадаф қарор доданд, бедор шуданд. Пас аз он буд, ки садои тирандозии шадид ба гӯш расид, масъалае, ки нишондиҳандаи даргирии шадиди нерӯҳои муқовимат бо низомиёни исроилӣ буд, ки қасди пешравӣ дар дохили шаҳрро доштанд.

Ин нахустин ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ пас аз таҳдидҳои мукаррари чанд ҳафтаии нахуствазири режими саҳюнистӣ Бенёмин Нетаняҳу алайҳи ин шаҳр буд. Шаҳре, ки дар ҳоли ҳозир мизбони ҳудуди 1.4 миллион нафар (ниме аз ҷамъияти 2.2 миллион нафарии Навори Ғазза) аст. Оворагони фаластинӣ, ки ба иҷбори низомиёни исроилӣ ба Рафаҳ паноҳ бурдаанд, дар ҷой ҷои ин шаҳр хайма задаанд ва бархе низ дар паноҳгоҳҳо ва сарпаноҳҳои муваққати эҷодшуда дар шаҳр, сокинанд.

Нигарониҳои оворагон

Асъад, овораи фаластинӣ, ки беш аз як моҳи пеш аз шимоли Навори Ғазза ба Рафаҳ паноҳ оварда, мегӯяд: «куҷо мехоҳем биравем? Рӯбарӯи моХон Юнус аст, пушти сари мо дарё аст. Инҷо ҳам марзи Миср аст».

Вай, ки қабл аз Рафаҳ ба ҳамроҳи хонаводааш дар урдугоҳи Насирот дар маркази Ғазза буд, чанд ҳафтаи пеш, ба иҷбори низомиёни исроилӣ ба Рафаҳ паноҳ овард ва монанди бисёре дигар аз оворагон дар як чодари пилостикӣ дар яке аз хиёбонҳои ғарбии ин шаҳр сокин аст.

Яке дигар аз ин оворагон ба номи Муҳаммад Абуҳутайб, ки ду ҳафтаи пеш аз Хон Юнус ба ин шаҳр омада мегӯяд: «аз мо хостанд, ки Хон Юнусро тахлия кунем. Ба Рафаҳ омадем, ҳоло имрӯз онҳо низ ба Рафаҳ ҳамла карданд. Бисёр хуб, дигар куҷо биравем?».

Вай дар идома ба ваҳшате, ки худ ва хонаводааш пас аз оворагии иҷборӣ аз Хон Юнус таҷриба карда ва низ аҷсоде, ки дар хиёбонҳои шаҳр афтода буд ва амалиёти тактирандозони исроилӣ алайҳи сокинони шаҳр ва боздошти шуморе аз шаҳрвандон дар истгоҳҳои бозрасии низомӣ дар ғарби ин шаҳр ишора мекунад.

Рӯзномаи Қудси Арабӣ, имрӯз бо интишори гузорише дар ин хусус навишт, ки сокинони Навори Ғазза эътимоде ба ваъдаҳои сарони режими ишғолгар ва дар раъси онҳо Нетаняҳу, ки иддао мекарданд қабл аз шурӯи амалиёт алайҳи Рафаҳ «масири амн»-ро барои сокинон фароҳам мекунанд, надоранд. Зеро ҳамин ваъдаҳоро замоне, ки аз Хон Юнус ва шимоли Ғазза хориҷ мешуданд, мешуниданд, аммо дар амал диданд, ки чигуна низомиёни исроилӣ оворагони фаластинӣ дар ҳоли убур аз «кридурҳои амн»-ро эълон мекарданд.

Бар асоси ин гузориш, бо нигоҳи сареъ ба нақшаи Навори Ғазза метавон дид, ки дар ҳоли ҳозир артиши ишғолгар онро ба «блокҳое» тақсим карда ва дигар чизе дар Навори Ғазза боқӣ намондааст, ба ҷуз як минтақаи ҷуғрофиёии бисёр борик барои ҳамаи сокинони Ғазза, ки шомили шаҳри Рафаҳ, бархе аз манотиқи Аламоси дар ғарби шаҳри Хон Юнус, ва шаҳри марказии Навори Ғазза аст. Ҳарчанд, ки ин манотиқ низ дар маърази ҳамалоти хунини артиши ишғолгар қарор доранд ва интизор меравад, ки рӯзона даҳҳо нафар дар онҳо шаҳид шаванд.

Ташйиъи қурбониён ва кӯдакон

Сокинони шаҳри Рафаҳ аз субҳи рӯзи гузашта ташйиъи пайкарҳои шаҳидони ҳамлаи бомдодии Исроилро оғоз кардаанд. Шаҳидоне, ки дар миёни онҳо кӯдакони ширхора ҳам ба чашм мехӯранд.

Яке аз ин шаҳидон, навзоде аст, ки тайи ҷанги кунунии Ғазза ба дунё омада буд ва имрӯз дар 129-умин рӯзи ҷанг, ҷонашро аз даст дод. Пайкарҳои шаҳидон ба бемористонҳо расида, ки комилан муталошӣ шудаанд ва имкони шиносоии онҳо вуҷуд надорад.

Ба эълони манобеи огоҳи пизишкӣ, дар ҳамлаи бомдодӣ ба Рафаҳ ва хароб кардани манзилҳо бар сари сокинон он ва тахриби масҷидҳо, беш аз сад нафар ба шаҳодат расиданд, бархе расонаҳо омори қурбониёнро то 110 нафар гуфтаанд.

Тасовири нашршуда аз қурбониёни ин ҳамла, ҳаҷми ваҳшигарӣ ва ҷинояти режими ишғолгарро беш аз пеш намоён мекунад. Беруни бемористонҳо пур аз пайкарҳои шаҳидон аст ва кадрҳои имдодрасонӣ аз адами тавоноӣ дар расондани фаврии маҷрӯҳон ба марказҳои дармонӣ ба далели ҳаҷми вайрониҳо шикоят мекунанд.

Мудири бемористони Ал-Кувайт Соҳиб Ҳамс мегӯяд, ки ин бемористон аз маҷрӯҳ пур шуда ва дорӯи мавриди ниёз онҳо дар даст нест.

Бемористони Абӯюсуф Наҷҷор низ эълон кардааст, ки тавоноии бемористонҳои Рафаҳ барои хадамотрасонӣ ба маҷрӯҳон бисёр маҳдуд аст, аммо режими саҳюнистӣ эълон мекунад, ки тайи ин амалиёти вижа дар Рафаҳ тавониста ду тан аз асирони худро озод кунад.

Ҳамлаи нерӯҳои вижаи Исроил ба қалби Рафаҳ

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълон кард, ки дар амалиёти муштараки артиш, Шобок ва полиси вижа дар Рафаҳ ду гаравгони исроилӣ, 60 сола ва 70 соларо, ки дар ҳафти октябр асир шуда буданд, озод кардааст.

Ба эълони расонаҳои исроилӣ дар ҷараёни ин амалиёти вижа, нерӯҳои исроилӣ ба як сохтмон юриш бурданд ва пас аз куштани се нерӯи мусаллаҳ мсъули ҳифозати ин асирон дар табақаи дувум, онҳоро озод карданд. Пас аз он нерӯи ҳавоӣ барои мунҳариф кардани таваҷҷуҳи нерӯҳои муқовимат, иқдом ба бомбаборони Рафаҳ кард, то ин ду асир аз масири амн аз Рафаҳ хориҷ шаванд.

Нигарониҳои байналмилалӣ

Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои арабӣ ва минтақаӣ дар бораи ҳаргуна ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ ҳушдор медиҳанд. Сухангӯи Онруо тамор Рафоъӣ мегӯяд агар амалиёти низомӣ дар Рафаҳ оғоз шавад, мо шоҳиди ҳамон натоиҷ ва паёмадҳои вахиме хоҳем буд, ки токунун дар соири манотиқи Ғазза дидаем. Куштори бештари мардум ва оворагии онҳо. Аммо мо дар ҷануби Навори Ғазза дигар ҷое барои кӯчи мардум вуҷуд надорад.

Комиссари кулли Онруо, Филип Лозоринӣ, мегӯяд, ки вазъияти башардӯстона дар Рафаҳ «ба таври физояндае ноумедкунанда аст ва ҳаргуна амалиёти низомӣ дар миқёси васеъ дар миёни ин сокинон танҳо ба трагедияи бештар сабаб хоҳад шуд.. мардум намедонанд баъд аз ин ба куҷо бираванд».

Созмони пизишкони бидуни марз низ эълон кардааст, ки беш аз як миллион нафар дар Рафаҳ «бо ташдиди шадиди таниш рӯбарӯ ҳастанд ва бисёре аз онҳо дар чодарҳо ва паноҳгоҳҳои муваққат зиндагӣ мекунанд.. Ҳеҷ макони амне дар Ғазза вуҷуд надорад ва оворагии иҷбории мукаррар, мардумро ба самти Рафаҳ кашонда ва онҳо бидуни инки гузинаи дигаре дошта бошанд, гирифтор шудаанд».

Раёсати ташкилоти худгардони Фаластин низ эълон мекунад, ки тарҳи Нетаняҳу барои ташдиди таниши низомӣ дар Рафаҳ бо ҳадафи овора кардани фаластиниҳо аз сарзаминашон сурат мегирад ва Исроил ва Амрико масъули паёмадҳои он ҳастанд ба ҳамин далел аз Шӯрои амнияти Созмони Милал мехоҳад, ки ба вазифаи худ амал кунад, зеро ин иқдоми ишғолгарон, таҳдиде алайҳи амният ва сулҳи минтақа ва ҷаҳон аст ва ба манзилаи убур аз куллия хатти қирмиз аст.

Ҳамос низ эълон кардааст, ки ҳамлаи низомӣ ба Рафаҳ ба манзилаи таваққуфи фароянди музокирот барои табодули асирон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад