Афзоиши омори коронавирус дар Қазоқистон

 Муовини вазири тандурустии Қазоқистон аз афзоиши теъдоди гирифторшудаҳо ба коронавирус дар ин кишвар хабар дод.

Муовини вазири тандурустӣ ва пизишки аршади беҳдоштии давлати Қазоқистон гуфт: аз ибтидои соли ҷорӣ теъдоди мавориди гирифторшудаҳо ба коронавирус дар Қазоқистон ду баробар шудааст.

Вай гуфт: дар январи соли ҷорӣ нисбат ба декабри 2023, афзоиши 2.5 баробарии коронавирус аз 187 маврид дар декабр ба 477 маврид дар январ мушоҳида шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми қаззоқ, бештарин теъдоди мавориди ибтило дар шаҳрҳои Алмаато 143 ва Остона 74 нафар аст.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон афзуд: албатта дар ҳамаи манотиқи кишвар вазъият оддӣ ва сабз аст ва танҳо як дарсад аз тахтҳои бемористон тавассути бемориҳои уфунӣ такмил шудааст.

Дар ҳамин замина вай дастуре мабнӣ бар пӯшидани моск (ниқоби тиббӣ) дар муассисаҳои пизишкӣ содир кард. Тавсияи Вазорати тандурустӣ истифода аз москҳои пизишкӣ ё порчае дар маконҳои пуриздиҳом ва дар анвои василаҳои нақлия аст.

Ҳамчунин дар сохтмони Маҷлиси Қазоқистон низ ба далели ибтило ба коронавирус истифода аз ниқоби тиббӣ иҷборӣ аз 18 феврал барқарор шудааст.

Пеш аз ин, раиси Маҷлиси сифлии Қазоқистон низ ба коронавирус мубтало шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад