Сабти 721 маврид ҳамла алайҳи марокизи дармонии Фаластин аз сӯи режими саҳюнистӣ

Созмони беҳдошт ва дармони ҷаҳонӣ аз сабти даҳҳо маврид ҳамла аз сӯи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи марокизи дармонии Навори Ғазза хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, Созмони беҳдошт ва дармони ҷаҳонӣ эълом кард, ки 721 маврид ҳамларо аз сӯи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи марокизи беҳдоштӣ ва дармонӣ дар Фаластин аз таърихи ҳафти октябр токунун сабт кардааст.

Дар ин гузориш омадааст: 357 маврид аз ин ҳамлаҳо дар Навори Ғазза ва аз таърихи ҳафти октябр токунун рух додааст.

Ториқ Ясаревич, сухангӯи ин ниҳоди байналмилалӣ дар як конфронси хабарӣ дар Женева таъкид кард: ҳамлаҳои сурат гирифта алайҳи марокизи дармонии Навори Ғазза токунун 645 қурбонӣ ва 818 захмӣ барҷой гузоштааст.

Вай дар идома афзуд: ин ҳамлаҳо боиси ворид омадани хисорат ба 98 маркази дармонӣ аз ҷумла 27 бемористон ва аз байн рафтани 90 худрави имдодрасонӣ шудааст.

Рӯзи гузашта сухангӯи вазорати беҳдошт ва дармони Навори Ғазза эълом кард режими ҷинояткори  саҳюнистӣ аз замони оғози таҷовуз ба Навори Ғазза дар ҳафтуми октябр то кунун 340 нафар аз кодри дармониро ба сурати амдӣ ба шаҳодат расонда ва 99 нафари дигарро боздошт кардааст.

Доктор “Ашраф ал-Қадура” афзуд, ки дар ин муддат, 123 худрави имдодӣ низ дар ҳамлаҳои режими ваҳшии саҳюнистӣ ба Навори Ғазза мунҳадим ва нобуд шудаанд.

Вазорати беҳдошт ва дармони Навори Ғазза эълом кард, ки теъдоди шуҳадои фаластинӣ дар асари ҳамлаҳои ваҳшёна ва ҷинояткоронаи режими хуношоми саҳюнистӣ алайҳи ин борика ба 27 ҳазор ва 947 тан расидааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамлаҳои беамони ҳавоӣ ва заминии артиши режими ғосиби саҳюнистӣ алайҳи бахшҳои мухталифи Навори Ғазза аз ҳафтуми октиябр токунун 67 ҳазор ва 457 захмӣ барҷой гузоштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад