Шарҳи мақомот дар бораи з кор мондани 7 корхонаи саноатӣ дар Гулистон

Аз ҷумла феълан “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, “Чархи гандумин”, “Висол - 2010”, “Зарафшон”, “Манфиат”, “Восили тобон” ва “Маҳмуд корм” кор намекунанд.

Аз ҷумла феълан “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, “Чархи гандумин”, “Висол – 2010”, “Зарафшон”, “Манфиат”, “Восили тобон” ва “Маҳмуд корм” кор намекунанд.

Ба гузориши манбаъ:

Шаҳри Гулистон, собиқ Қайроққум, ки аз минтақаҳои саноатии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дорои 50 корхона мебошад, ки қисме аз онҳо аз фаъолият мондаанд.

Раиси шаҳри Гулистон, Раъно Ҳошимзода, сабаби фаъол набудани корхонаҳоро шарҳ дод.

Дар феҳрасти корхонаҳои аз фаъолият монда, аз ҷумла “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, “Чархи гандумин”, “Висол – 2010”, “Зарафшон”, “Манфиат”, “Восили тобон” ва “Маҳмуд корм” ном бурда шуданд.

Шаҳрдор гуфт:

“Корхонаҳои мазкур бо сабабҳои таъмин нагардидан ашёи хом, муфлисшавӣ, пӯшида натавонистани хароҷоти молӣ давоми солҳои охир аз фаъолият бозмондаанд”.

Ҳошимзода гуфт, ки моликони шуморе аз чунин корхонаҳо барои омӯхтани вазъи бозор машғул буда, талош доранд, ки дубора ба фаъолият пардозанд.

Масъулони ҳукумат мегуянд, ки давоми ду соли охир дар ин шаҳр 14 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст.

Алҳол дар шаҳри Гулистон 43 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъол аст. Давоми соли 2023 ин теъдод корхонаҳо ба маблағи беш аз 4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як соли гузашта қариб 300 млн сомонӣ зиёд гуфта мешавад.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз лиҳози ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд баробар ба 16 % қариб аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Cоли 2023 дар Тоҷикистон 550 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондаанд.

Бештари чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон буда, шумори онҳо ба 151 адад мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 132, шаҳри Душанбе 126, вилояти Суғд 123 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардаанд.

Дар ин бора президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласае таъкид намуда, гуфт ки агар барои ислоҳи чунин вазъият чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеаи ҷиддӣ пеш меояд.

Ӯ муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор кард, ки ин равандро пешгирӣ кунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои супоришҳои додашуда оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардидааст.

Ба ин рӯйхат шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикобод, Нуробод ва Сангвор дохил мешаванд, ки дар он ҷой ягон корхонаи саноатӣ таъсис дода нашудааст.

Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм бошад, ба гуфтаи сарвари давлат 12% таъмин гардидааст, ки аз нишондиҳандаи мақсаднок 8 банди фоизӣ (20 фоиз) кам аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз 43 фоиз, Панҷ 25 фоиз, Бохтар 12, Гулистон 7,4, Сангвор 5,9 ва Роғун 4,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли баъзе молҳои саноатӣ аз ҷумла, ангишт 13%, ҷуроб 32, газвор 4, қолин 10,3, пӯсти коркардшуда 33,5, пойафзол 8,7 ва либоси мактабӣ 5,4% кам гардидааст.

Президент аз он нигаронӣ кардааст, ки бинобар иҷро накардани супоришҳояш қисми зиёди маҳсулоти саноатие, ки имконияти истеҳсоли пурраи онҳо дар кишвар вуҷуд дорад, то ҳол аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми калон ворид карда мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад