Инқилоби Исломии Эрон самараи иҷобати даъвати беъсат аст

Оятуллоҳ Хоманаӣ қабули даъват ва беъсати Расули Худоро боиси рушд ва саодати дунявӣ ва ухравӣ дониста ва дар бораи ҳодисаи талхи Ғазза ва Фаластин бо идомаи ҷиноятҳои режими хуношоми саҳюнистӣ гуфт: Мусибати Ғазза, мусибати башарият аст ва нишон медиҳад, ки назми кунунии ҷаҳонӣ комилан ботил ва ғайриқобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.

Субҳи имрӯз (8 феврали 2024), Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати солрӯзи беъсати бобаракати Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с), дар дидори масъулон ва коргузорони низоми исломӣ, сафирон ва намояндагони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз мардум суханронӣ кард, ки гузориши он тақдими шумо мешавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо табрики иди мабъас ба миллати Эрон ва ҳамаи мусулмонон, беъсатро муборактарин ва бузургтарин ҳодисаи таърихи башарият хонда гуфт: Бо беъсати Паёмбари Аъзам, нусхаи комил ва ниҳоӣ ва ҳамешагии саодати дунявӣ ва охиратии башар пешкаш шуд.

Ишон сар баровардани беъсат дар муҳити зулмонӣ ва саросар каҷӣ ва инҳирофи ҷоҳилият ва ошкор шудани нишонаҳои инҳироф ва суқут дар ҳамаи тамаддунҳои бузурги он рӯзи ҷаҳонро ҳодисаи хориқулода баршумурда ва афзуд: Барномаи беъсат боз кардани роҳи иртиботи башари муҳосирашуда дар чорчуби танги моддӣ бо олами ғайб ва улуҳият, яъне имон ва сипас тазкияи инсон, яъне таолӣ ва рушд додани ӯ аз тариқи бартараф кардани навоқис ва зудудани зиштиҳо, бадиҳо ва ботил аст.

Раҳбари олии Эрон тазкияро ҳаракати фарогир барои ислоҳи умури фард ва ҷомеа дар ҳамаи абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва нафйи анвои беадолатӣ ва фосилаҳои табақотӣ хонда ва гуфт: Тазкия, заминаи таълими инсон ва ҷомеаро фароҳам мекунад то бо ғанисозии ҷомеа аз назари маърифат ва маънавият, инсони шоистаи Ислом сохта шавад.

Ишон бо истинод ба оёти Қуръони Карим, беъсат ва даъвати Набии Акрамро амри ҷорӣ ва доимӣ барои ҳамаи замонҳо дониста ва гуфт: Ҳамакнун низ Пайғамбари Акрам(с) дар ҳоли таълим ва тазкия аст, яъне ҳамчунон ки он рӯз мардумро ба дурӣ аз бутҳо даъват карданд, имрӯз низ ҳамон хитоб ва даъват вуҷуд дорад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, мубориза бо нафс ва шикастани бути ҳавоҳои нафсониро аввалин қадам дар пазириши даъвати Паёмбари Акрам хонда ва афзуд: Ин ки бархе мегӯянд, барои ислоҳи дунё аввал бояд худ ва ҷомеаи худро ислоҳ кунед, ҳарфи дурусте аст, чунки нишон додани як намунаи ислоҳшуда ба дунё сабаби ҷазби дигарон ба он намуна ва улгу мешавад.

Ишон пирӯзии Инқилоби Исломиро дар Эрон натиҷаи иҷобати паёми беъсати Расули Худо (с) ва даъвати имом Хумайнӣ аз тарафи мардум хонда ва гуфт: Дар идома ҳам мардум мо ба тавфиқ ва фазли Парвардигор ҳаракати худро дар масири дуруст идома додаанд ва то ҳар замон, ки иҷобати даъвати Пайғамбар идома дошта бошад, рушд ва пешрафт, ки фақат ҳам рушди маънавӣ ва ухравӣ нест, идома дорад ва метавон ба беҳтарин намуна зиндагии дунявӣ ва ухравӣ даст ёфт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба ривоҷи зулм ва ҳақкушӣ дар ҷаҳони имрӯз, раҳоӣ аз ин вазъ ва беҳбуди зиндагии мардуми дунёро дар гарави иҷобати даъвати Паёмбар ва истифода аз тазкия ва таълими набавӣ дониста ва афзуд: Масъулияти мо худсозӣ ва нишон додани идораи кишвар бар асоси улгуи Ислом аст, ки дар ин замина муваффақиятҳои доштаем, ки дар дунё таъсиргузор буда ва албатта кӯтоҳиҳое ҳам доштаем.

Ишон бо ишора ба идомаи мусибати Ғазза ва Фаластин, онро мусибати дунёи Ислом ва балки ҳамаи башарият ва нишондиҳандаи авҷи бутлони назми кунуни ҷаҳонӣ хонданд ва хотирнишон кард: Имрӯз Амрико, Англис ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва дунболаравҳои онҳо пушти дастҳои ҷинояткор ва ба хунолуди режими саҳюнистӣ қарор доранд, ки аз ҳамин ҷо метавон фаҳмид, назми кунунӣ ҷаҳони назми ботил ва ғайриқобили давом аст ва аз байн хоҳад рафт.

Ишон, бомбаборони бемористон ва куштори наздик ба 30 ҳазор тан аз мардуми Ғаззаро боиси расвои фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ донист ва афзуд: Пушти сари ин ҷиноятҳо пул, таслиҳот ва кумакҳои сиёсии Амрико аст ва ҳамчунон ки худи саҳюнистҳо эътироф карданд, бе таслиҳоти амрикоӣ як рӯз ҳам қодир ба идомаи ҷанг набуданд, бинобар ин амрикоиҳо низ муҷрим ва масъули ин ҳодисаи талх ҳастанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳи ҳали поёни буҳрони Ғаззаро канор кашидани қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва тарафдори ғарб аз ин қазия хонд ва гуфт: Муборизони фаластинӣ худ қодир ба идораи майдон ҳастанд, ҳамчунон ки то имрӯз низ бо идораи саҳна, зарбаи сахте ба онҳо ворид нашудааст.

Ишон бо таъкид бар ин ки вазифаи давлат‎ҳо қатъи кумакҳои сиёсӣ, таблиғотӣ, таслиҳотӣ ва ирсол накардани маводи масрафӣ ба режими саҳюнистӣ аст, хотирнишон карданд: Вазифаи миллат‎ҳо фишор овардан ба давлатҳо барои анҷоми ин вазифаи бузург аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад