Раҳбари муқовимати Яман: 11 сентябр нақшае барои ҳукмронӣ бар мусулмонон буд

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба нақшаи муштараки Амрико ва Исроил барои ҳукмронӣ бар кишварҳои исломӣ, таъкид кард, ки 11 сентябр низ тавассути яҳудиҳо анҷом шуд то ба ин баҳона, бар мусулмонон мусаллат шаванд.

Ба гузориши ТоҷикПресс,  Сайид Абдулмолик Алҳусӣ, раҳбари муқовимати Ансоруллоҳ ва инқилоби Яман рӯзи гузашта дар солрӯзи бунёнгузори муқовимати ин кишвар ба баррасии охирин таҳаввулоти Ховари Миёна ва аҳдофи ҳамлаи 11 сентябр пардохт.

Абдулмалик Алҳусӣ бо ишора ба инки давлати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ (президенти собиқи Яман) ба хотири ҷалби ризояти Амрико ва тайи ҳамалоти се моҳа, Ҳусайн Алҳусӣ (поягузори муқовимати Яман)-ро ба шаҳодати расонд, гуфт: шаҳиди Қуръон (Алҳусӣ) бо назорат ва ташвиқи Амрико шаҳид шуд. Ӯ бо тарҳи қуръонии худ, уммати исломиро ба самти муқобила бо ҳамалоти Амрико, Исроил ва ғарб ҳидоят мекард.

Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни ин ки ҳамлаи 11 сентябр тавассути саҳюнистҳо халқ шуд то баҳонае барои ҳукмронии мустақим бар мусулмонон ва аз байн бурдани ҳувияту ишғоли кишаврҳояшон бошад, идома дод: Ин шаҳид бо тарҳи қуръонӣ ва бо иқдомоти амалӣ, таслим шудан дар баробари ҷиноятҳои душманонро аз байн бурд.

Ҳамлаи Амрико, шарри мутлақ буд

Алҳусӣ бо ишора ба ин ки дар он замон, мавзеи бештаи кишварҳои арабӣ, таслим шудан дар баробари Амрико ё ҳампаймонӣ бо он буд, гуфт: Дар он замон, ҳамалоти Исроил ба миллати Фаластин низ бештар буд ва кишварҳои арабӣ ҳам фақат барои сулҳ барнома ироа мекарданд. Амрико низ ҳукмронии низомӣ бар ин кишварҳо дошт.

Вай бо баёни ин ки амрикоиҳо ҳатто султаи иқтисодӣ низ доштанд, дар бораи ҳукмронии амниятии ин кишвар ҳам таъкид кард: Ин султа аз раҳгузари мусаллат кардани такфириҳо бар миллатҳо ва густариши анвои ҷиноятҳову ҳимоят аз фитнаҳои мухталиф анҷом мешуд. Дар ҳукмронии сиёсӣ низ Амрико монеъ аз суботи сиёсӣ дар ин кишварҳо мешуд.

Раҳбари Яман бо таъкид бар ин ки Амрико дар ин кишвар, сервисҳои амниятиро ба абзори саркӯб табдил карда буд, идома дод: Ҳамлаи Амрико дар ҳақиқат бадтарин иқдом буд ва ҳеҷ суде барои уммат мо надоштааст. Онон фикр мекарданд бо аз миён бардоштани шаҳид Алҳусӣ барномаи қуръонии ӯро низ аз байн бурдаанд, вале ин тарҳ густариш пайдо кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад