Сармоягузории Русия дар мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон

Аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим дар онҳо бо забони русӣ сурат мегирад.

Аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим дар онҳо бо забони русӣ сурат мегирад.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳукумати Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 200 миллион рубл мефиристад.

Дар ин бора вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар нишасти матбуотияш хабар дод.

Ҳамин тариқ, аввалин муассисаҳои таълимие, ки маблағгузорӣ мешаванд, мактабҳое хоҳанд буд, ки раванди таълим бо забони русӣ сурат мегирад.

Ин маблағ барои навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои 244 муассисаи таълимӣ масраф хоҳад шуд, шарҳ дод раиси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Вай гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 60 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо таълим танҳо ба забони русӣ мегузарад.

Дар ҳоли ҳозир бошад, коршиносон китобҳои дарсии русиро барои мактаббачаҳои Тоҷикистон мутобиқ мекунанд.

Саидзода гуфт:

“То охири моҳи феврал китобҳои дарсии мутобиқшуда муаррифӣ мешаванд ва онҳо бояд то 1 сентябри соли равон ба муассисаҳои таълимӣ ворид шаванд”.

Ба гуфтаи вазир, дар соли 2024 барои маорифи Тоҷикистон беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф мешавад. Ин нисбат ба соли 2023 1,2 миллиард ё 12,5% зиёд аст.

Қаблан Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки барои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак омӯзгорон омода кунанд, гуфт вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов.

Аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ муаллимони забони русӣ, биология, физика ва химия меоянд.

Ёдовар мешавем, ки Русия ахиран барои сохтмони 5 мактаб Тоҷикистон 150 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд, ки онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1200 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дафтари матбуоти ҳукумати Гулистон дар истинод ба Вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар Тоҷиистон дар 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилаш бо забони русӣ 17 ҳазору 778 нафар хонанда таҳсил менамояд.

Бар асоси иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 159 муассисаҳои таълимии омехта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо синфҳои таълимашон бо забони русӣ мавҷуданд. Дар ин муассисаҳо 68007 хонанда таҳсил менамоянд.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон дар 185 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 85 ҳазору 785 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёд ба ин самт, ҳанӯз ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ норасоии муаллимони русӣ ба назар мерасанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 8 ҳазору 615 нафар омӯзгорон аз фанни забони русӣ дарс мегўянд, ки аз онҳо 7 ҳазору 288 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.

Бино бар иттилои манбаъ, солҳои охир дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки ба норасоии омӯзгорони ин фан рӯ ба рӯ шудаанд, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои миёна ва олии мамлакат омӯзгорон тайёр намуда, тақрибан камбуди омӯзгоронро аз байн бурдаанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҷониби Русия дар соли хониши 2018 – 2019 26 омӯзгорони фанҳои гуногунро ба Тоҷикистон равон кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки мақсад аз омадани ин омӯзгорон расонидани ёрии методӣ аз фанҳои таълимӣ ба омӯзгорони тоҷик буда, дар ин раванд аз ҷониби онҳо таълимоти дарсӣ низ ба роҳ монда мешавад. Бештари роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо омӯзгорон аз Русия фаъолият мекунанд, аз кори онҳо розианд ва хоҳиши давом додани шартномаи кориро бо онҳо доранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки лоиҳаи сохтмони панҷ мактаби русӣ дар қаламрави кишвар ба анҷом расонида шуда, барои тасдиқ ба Русия фиристода шудааст. Дар сурати ба имзо расидани он корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.

Айни ҳол дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Созишномаи мазкур барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ирсол карда шудааст.

Масъалаи таъмини китобҳои дарсии русӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ низ дар мадди аввал будааст Вазорати маориф ба қадри имкон китобҳои дарсӣ нашр карда, ба муассисаҳои таълимӣ ирсол медиҳад. Инчунин аз соли 2017 то ба имрӯз аз тарафи Русия 11 ҳазору 95 нусха китобҳои дарсии фанҳои гуногун дастраси хонандагон гардидааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад