Сафари вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Тоҷикистон

Рӯзҳои 4-5 феврал қарор аст  вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубаев бо як сафари расмӣ ба Душанбе парвоз кунад. Дар ин бора вебсайти ВКХ Қирғизистон хабар додааст.

Рӯзҳои 4-5 феврал қарор аст вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубаев бо як сафари расмӣ ба Душанбе парвоз кунад. Дар ин бора вебсайти ВКХ Қирғизистон хабар додааст.

Дар хабар омадааст, ки ин сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад. Ҷузъиёт ва мавзӯи дидору гуфтугӯҳои ду вазир нашр намешавад, вале дар хабари расмии вазорат таъкид шудааст, ки “дар ҷараёни сафар мулоқоти баландпоя дар сатҳи боло бо мақсади баррасии масоили доғи дуҷониба дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст”.

Дар бораи сафари дипломати калони кишвари ҳамсоя ба Радиои Озодӣ дар ВКХ Тоҷикистон ҳам хабар доданд.

Дар ҳоле, ки ҷузъиёти барномаи дидору гуфтугӯҳо нашр намешавад, тахмин меравад, ки мавзӯи меҳварӣ ҷараёни таъин ва аломатгузории марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳад буд. Ахиран ҳам мақомоти Қирғизистон ва Туркия гуфтанд, ки ду кишвар ба эҳтимоли зиёд моҳи марти соли ҷорӣ дар баҳсҳои марзӣ нуқта гузошта, созишномаро ниҳоӣ мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ пешбинӣ ё дурнамои худро дар ин замина баён накардааст.

Баъди як муддат сардиву танаффус дар музокираҳо, моҳҳои охир якбора ҷараёни гуфтугӯҳои мақомоти ду кишвар оид ба марз вусъат пайдо кард ва ҳар моҳ як ё ду бор ҳайатҳое ба раҳбарии сарварони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон – Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи баргузории музокирот ва дастёбӣ ба мувофиқаҳое дар таъини мақоми қитъаҳои баҳсии марз хабарҳо нашр мекунанд.

Дар аввали моҳи декабри соли 2023 роҳбарони кумисюнҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтанд, беш аз 90 дарсади хати сарҳад мувофиқа шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.

Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо ширкат карда, он дар фазои дӯстӣ гузаштааст.

Даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд.

Ба гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он дар асоси мувофиқаи бадастомадаи рӯзҳои 21-27 январи соли 2024 дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон доир шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои саҳроӣ баргузор намудаанд.

Манбаъ афзудааст:

“Ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд”.

Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳо ширкат кардаанд.

Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи музокироти шашрӯза дар вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид.

Дар дидор онҳо ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо оид ба тақсимоти марз, барои идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои дахлдор доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар гуфтушуниди гузашта, ки дар ҳудуди Бодканд анҷом шуда буд, ҷонибҳо беш аз 38 км марзро мувофиқа карданд.

Тарафҳо қайд карда буданд, ки корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мешавад, идома хоҳанд дод.

Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид.

Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад