Эъломи 3 рӯз азои умумӣ дар пайи ҳамлаи Амрико ба Ироқ

Дар пайи таҷовузоти Амрико ба Ироқ, ки мунҷар ба шаҳодати теъдоде аз ғайринизомиён ва мардуми бедифоъ шуд, ин кишвар се рӯз азои умумӣ эълом кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ ба эҳтироми рӯҳи шуҳадои неруҳои мусаллаҳ ва ғайринизомиёне, ки дар натиҷаи бомбаборони Амрико дар манотиқи Акошот ва Ал-Қоим дар устони Ал-Анбор ҷон бохтанд, дар тамоми идорот ва ниҳодҳои давлатӣ азои умумӣ эълом кард.

Нахуствазири Ироқ дар вокуниш ба ин ҷиноятҳо, ки тибқи бархе аз гузоришҳо ҳудуди 40 шаҳид бар ҷой гузошта, се рӯз азои умумӣ эълом кард.

Сухангӯи фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ низ дар бораи таҷовузоти бомдодии Амрико ба манотиқе дар дохили Ироқ аз ҷумла мавозеи Ҳашдушшаъбӣ, ки яке аз ягонҳои низомии расмии ин кишвар ба шумор меравад, гуфт: шаҳри Ал-Қоим ва манотиқи марзии Ироқ ҳадафи ҳамалоти ҷангандаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор гирифт.

Вай таъкид кард, ки таҷовузоти Амрико нақзи ошкори ҳокимияти Ироқ аст ва ба талошҳои давлатии Ироқ зарба ворид мекунад. Ҳамалоти Амрико, таҳдиде аст, ки Ироқ ва минтақаро ба вазъияте, ки сарнавишти он номаълум ва дорои паёмадҳои вахим ва хатарнок аст, савқ медиҳад.

Русия зимни маҳкумияти таҷовузоти Амрико, хостори ҷаласаи фаврии Шӯрои амният шуд

Русия низ зимни маҳкумияти таҷовузоти Амрико ба Ироқ ва Сурия, хостори ташкили ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал шуд.

Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки Маскав ҳамалоти Амрико ба Сурия ва Ироқро маҳкум мекунад ва ин вазъият бояд аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мавриди расидагӣ қарор гирад.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи шанбе дар вокуниш ба таҷовузоти Амрико ба бархе аз нуқот дар Сурия ва Ироқ эълом кард: мушаххас аст, ки ҳамалоти ҳавоӣ омидона барои шӯълавар кардани бештари ҷанг тарроҳӣ шудааст.

Мария Захарова, дар баёниае изҳор дошт, ки бо ҳамлаи тақрибан бидуни вақфа ба таъсисоти гурӯҳҳои шибҳи низомӣ дар Ироқ ва Сурия, ки иддао мешавад таҳти ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд, Амрико ба таври ҳадафманд дар талош барои кашидани бузургтарин кишварҳои минтақа ба ҷанг аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷовузоти худ ба Ироқ ва Сурия дар беш аз 85 нуқта анҷом дод, ки бар асоси бархе аз гузоришҳои таъйид нашуда наздик ба 40 нафар ба шаҳодат расиданд.

Дарҳамин росто Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни маҳкум кардани таҷовузоти Амрико гуфт ин ҳамалот ба даргириҳо ва ташдиди ҷанг доман мезанад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ рӯзи шанбе эълом кард, ки ҳамалот ва таҷовузоти Амрико ба даргириҳо ва ташдиди ҷанг дар минтақа доман хоҳадзад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе ҳамалот ва таҷовузоти ошкори Амрико ба Ироқ ва Сурияро, ки мунҷар ба шаҳид ва захмӣ шудани чандин нафар шударо ба шиддат маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: ончи Амрико анҷом дод нақзи ошкори ҳокимияти ду кишвар, ҳамла ба амният ва тамомияти арзии онҳо ва нақзи вақеҳонаи ҳамаи қавонини байналмилалӣ ва башардӯстона аст.

Ин баёния таъкид дорад: ин таҷовузи ҷадид ба бесуботии минтақа ва эҷоди тавҷеҳот ва баҳонаҳои хаёлӣ барои идомаи ишғоли чандин минтақа дар Ироқ ва Сурия тавассути Амрико бар хилофи хост ва иродаи мардуме, ки орзӯи озодӣ ва истиқлол доранд, кӯмак мекунад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон мегӯяд: таҷовузоти Амрико ба Ироқ, Сурия ва Яман дурӯғин будани иддаои Амрико мабнӣ бар адами тамоюли ин кишвар мабнӣ бар густариши даргирӣ дар минтақаро ошкор мекунад ва (ин таҷовузот) комилан баракс, ба доман задани даргирӣ, таниш ва ташдиди ҷанг дар минтақа кӯмак мекунад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: ин таҷовузи ҷинояткорона мардуми Ироқ ва Сурияро ба пойбандӣ ба роҳи муқовимат барои озодии кишварҳои худ аз ишғоли Амрико ва идомаи ҳимоят аз Ғазза то поёни таҷовузот ва ҷинояти саҳюнистҳо савқ медиҳад.

Ҳамлаи муқовимати исломии Ироқ ба пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия

Дар пайи ҳамалоти ноҷавонмардони Амрико ба Ироқ ва Сурия, ки бомдоди рӯзи шанбе сурат гирифт, Муқовимати исломии Ироқ ҳам дар вокуниш ба ҳамалоти CENTCOM ба 3 пойгоҳи амрикоӣ Дар Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст.

Шабакаи Ал-ҷазира бо нашри ин хабар навишт, ки ин гуруҳи муқовимат эълом карданд, ки бо истифода аз паҳпод ва ракета, пойгоҳҳои Аттанф ва Ал-хазроро дар кишвари Сурия ва пойгоҳи Айн-ул-Асадро дар ғарби вилояти Ал-анбори Ироқ ҳадафи мушакҳо ва паҳподҳои хуж қарор додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад