Далоили тирагии равобити Ереван ва Маскав/чаро Пашинян Русияро канор гузошт?

Бесуботии дохилии Русия метавонад фурсате арзишманд барои Ереван бошад то таҳаввули асосӣ дар сиёсати хориҷии худ эҷод кунад ва бо рўигардонӣ аз Русия ба муттаҳиди ғарб табдил шавад.

Нахуствазири Арманистон рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо радиои умумии Арманистон гуфт, ки Ереван дигар ба Русия ба унвони шарики асосии дифоӣ ва низомӣ такя надошта ва бояд ба эҷоди равобити наздиктар бо Амрико ва Фаронса андешад.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар посух ба саволе дар бораи ислоҳоти неруҳои мусаллаҳ гуфт: “Мо бояд дарк кунем, ки воқеан бо чи касе метавонем равобити низомӣ, фаннӣ ва дифоии худро ҳифз кунем. Қаблан ин мушкил сода буд зеро чунин саволе вуҷуд надошт. Қаблан 95 то 97 дарсади равобити дифоии мо бо Русия буд. Акнун ин раванд наметавонад ба далоили Айнӣ ва зеҳнӣ идома дошта бошад”. Вай афзуд: “Арманистон бояд ба ин фикр кунад, ки чи равобити амниятӣ бо Амрико, Фаронса, Ҳинд ва Гурҷистон эҷод кунад”.

Равобит байни Русия ва Арманистон, дар моҳҳои ахир тира шудааст ва Пашинян Маскавро ба адами ҳимоят аз кишвараш дар даргирӣ бо Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ муттаҳам кардааст. Неруҳои Боку дар моҳи сентябр Қарабоғи Кӯҳӣ, ки дар сатҳи байналмилалӣ бахше аз Озарбойҷон талаққӣ мешавадро тасарруф карданд, ки боис шуд беш аз 100 ҳазор арманӣ дар ҳоле, ки неруҳои ҳофизи сулҳ русӣ умдатан дар канори онҳо истода буданд, Арманистонро тарк кунанд.

Фосила гирифтан аз Русия

Барои қарнҳо, арманиҳо равобити танготанге бо Русия доштанд. Аммо ин равобит тайи як солу ними гузашта дучори таниш шудааст. Пашинян пас аз инки баъд аз ҳамлаи Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ ҳеҷ вокуниш ва ҳимояте аз ҷониби Русия надид борҳо алайҳи Русия мавзеъгирӣ кардааст. Вай дар изҳориназре ба Маҷаллаи Wall Street гуфт, ки Русия ба унвони як муттаҳид ба тааҳҳудоти худ амал накардааст ва ӯ ҳеҷ фоидае дар идомаи ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар ин кишвар намебинад. Раисҷумҳури Арманистон ҳамчунин дар мусоҳибае бо канали телевизионии CNN Prima News дар 31 май гуфт, ки Арманистон муттаҳиди Русия дар ҷанг алайҳи Украина нест. Ҳамчунин ӯ дар августи соли 2023 дар Порлумони Аврупо гуфт: “Арманистон омодааст то ба Иттиҳодияи Аврупо наздиктар шавад, то онҷо, ки Иттиҳодияи Аврупо мумкин аст”.

Ереван

Давлати Арманистон дар ҷиҳати фосила гирифтан аз Русия даст ба иқдомоти амалӣ ҳам задааст. Пашинян даъвати Александр Локашенко, раисҷумҳури Беларус, барои ширкат дар нишасти CSTO дар 14 ноябр дар шаҳри Минскро рад кард. Армен Григорян, дабири Шӯрои амнияти Арманистон, гуфт, ки ҳузури Арманистон дар Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, ки дар воқеъ тавассути Русия раҳбарӣ мешавад, мушкилоти хоссе барои Арманистон эҷод мекунад. CSTO як иттиҳод низомӣ аст, ки шомили Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин Ереван дар 23 октябри соли гузашта қарордоди низомӣ бо Фаронса имзо кард, ки шомили хариди се сомонаи радари зидди ҳавоии GM200 ва таҳвили сомонаҳои дифои ҳавойии кутоҳбурди мистрол буд. Илова бар ин Арманистон дар моҳи сентябри гузашта тамринҳои низомии муштараке бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор кард.

Арманистон ба дунбол чист?

Ин тавр ба назар мерасад, ки Арманистон дар ҳоли ҳозир дар талош аст то сиёсати хориҷии худро танаввуъ бахшад. Дар ҳоле, ки Пашинян қалбан дӯст дорад Арманистонро ба самти Аврупо ҳидоят кунад, дар айни ҳол ӯ воқеиятҳои рӯи заминро дарк мекунад. Ҳеҷ механизми осоне барои хуруҷи Арманистон аз CSTO вуҷуд надорад ва ҳамчунин мушаххас нест, ки агар Ереван ба таври якҷониба иҷозаи ҳузури низомиёни рус дар Арманистонро лағв кунад, посухи Кремл чи хоҳад буд. Арманистон дар ҳоли ҳозир мизбони ҳудуди 10 ҳазор сарбози рус аст, ки 5000 нафар аз онҳо дар пойгоҳи низомии 102 Русия дар шаҳри Гюмри ва соирин дар Ереван дар фурудгоҳи байналмилалии вартнотс мустақар ҳастанд. Бинобар ин давлати Арманистон феълан бархилофи майли ботинии худ саъй дорад то робитае мутавозин бо Русия ва ғарб дошта бошад ва рўигардонӣ аз Русияро ба фурсати дигар муҳаввал кардааст. Беҳтарин шонси Арманистон барои ҳаракат ба самти ғарб дар суратест, ки Русия аз Украина шикаст бихӯрад. Ҳамонтавр, ки таърихи Русия дар авосити қарни нуздаҳум ва авоили қарни бистум нишон додааст, раҳбарони Русия ба таври суннатӣ аз ошуфтагии дохилии ношӣ аз шикастҳои низомӣ ҷони солим ба дар набурдаанд. Бесуботии дохилии Русия метавонад фурсате арзишманд барои Ереван бошад то таҳаввули асосӣ дар сиёсати хориҷии худ эҷод кунад ва бо рўигардонӣ аз Русия ба муттаҳиди ғарб табдил шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад