Пушти пардаи ҳамлаҳои Амрико ба пойгоҳҳои муқовимат дар Ироқу Сурия

Ҳамлаҳои Амрико ба пойгоҳҳои нерӯҳои муқовимат дар Ироқу Сурия ҳадафе ғайр аз сарпӯш гузоштан бар шикастҳои навбатии Байден ва давлаташ надорад.

Ҳудуди соат 11-и шомгоҳ ҷумъа (2-и феврал) буд, ки расонаҳои ҷаҳон аз ҳамлаҳое бо манбаи номушаххас ба бахшҳое дар марзи Сурия ва Ироқ хабар доданд. Дар ин байн расонаҳои амрикоӣ ва бархе расонаҳои байналмилалии наздик ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз дигарон онро бозтоб медоданд.

Бархе аз ин расонаҳо ҳамлаҳоро мунтасаб ба Иёлоти Муттаҳида медонистанд ва муддаӣ буданд, ки Амрико ба пойгоҳҳои шебҳи низомиёни мавриди ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамла карда ва бархе хабарҳо ҳамлаҳои Амрикоро такзиб мекарданд ва онро ба нури чашмии Иёлоти Муттаҳида яъне режими саҳюнистӣ нисбат медоданд. Аммо ҳар чӣ буд ҳама медонистанд тибқи маъмул сару садо аз сарчашмаи ошӯбҳои минтақа яъне Иёлоти Муттаҳида ё режими саҳюнистӣ сарчашма мегирад.

Муддате нагузашта буд, ки ситоди фармондеҳии маркази артиши террористии Амрико дар Ховари Миёна (Сентком) эълон кард, ки беш аз 85 бор ба 7 нуқта дар хоки Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст. Баъд аз ин баёнияи Сентком буд, ки мақомоти амрикоӣ баёнияҳои тухолӣ ва пурсару садои худро яке пас аз дигар нашр карданд.

Қабл аз ҳама навбати раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар нахустин вокуниш ба ин ҳамлаҳо онҳоро посухе ба ҳамлаҳои анҷомёфта ба пойгоҳи Амрико дар Урдун муаррифӣ кард ва муддаӣ шуд, ки ин ҳамлаҳо дар рӯзҳои оянда ҳам идомадор хоҳанд буд. Баъд аз ифтитоҳия Байден, навбат ба дигар мақомоти Иёлоти Муттаҳида расид, то бо баёнияҳои худ сарусдои баландтар аз ҳамлаҳо дар Ироқ ва Сурия барпо кунанд. Ба ин тартиб Луед Остин, вазир ҷанг, Ҷон Керби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед ва бисёре аз мақомоте, ки бархе аз онҳо ҳозир нашуданд ҳатто номашон фош шавад ё баёния доданд, то бо расонаҳо мусоҳиба карданд.

Аммо тӯле накашид, ки расонаҳо, аз худӣ ио ғайри худӣ, тамоми нақшаҳои Иёлоти Муттаҳида ва мақомоти амрикоиро барҳам заданд. Расонаҳои расмии Сурия ҷузви нахустин расонаҳо буданд, ки фош карданд тамоми маконҳои ҳадаф қарор гирифта шуда аз сӯи амрикоиҳо қаблан холӣ шуда буданд!

Ҷерми Даймонд, хабарнигори CNN дар Телавив низ дар мусоҳибае бо ин шабака муддаӣ шуд, ки таъхири 5-рӯза дар ин амалиёт боис шудааст, то фармондеҳон ва таслиҳоти муҳим аз пойгоҳҳо тахлия шаванд. Ҳамчунин раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико низ дар суханоне гуфт: ҳамлаҳо имрӯз пас аз таъхир анҷом шуд, ки душманони мо омода шуданд. Алҷазира низ дар гузориши худ навишт, ки аксари маконҳое, ки дар Сурия ҳадаф қарор гирифтанд, қаблан холӣ шуда буданд.

Аммо саволе, ки дар ин байн афкори умумиро машғул карда ин аст, ки чаро ҳадаф қарор додани маконҳои холӣ бояд ин ҳама байни расонаҳои амрикоӣ ва мақомоти ин кишвар сарусдо кунад?

Бо мурури иттифоқҳои чанд моҳи ахир дар минтақа ба равшанӣ мешавад шикастҳои мутаволии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаро мушоҳида кард, ки рӯз ба рӯз ба теъдод ва миқёси онҳо афзуда мешавад ва давлати Байден ночор аст ба ҳар тариқ афкори умумиро аз ин шикастҳо дур кунад. Шикастҳое, ки мурури онҳо метавонад аҳдофи пушти пардаи ҳамлаҳо ба Ироқ ва Сурия ва ба думболи он ҷанҷоли расонаии Амрико ва мақомоти амрикоиро ба тасвир бикашад.

Шикасти сиёсати ҳимоятӣ аз режими саҳюнистӣ

Пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо ва ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза Иёлоти Муттаҳида яке аз аслитарин ҳомиёни ҷиноятҳои ин режим дар Навори Ғазза буд. Таъмини силоҳ ва таҷҳизот ва анвои пуштибониҳои лоҷестикӣ ва низомӣ дар болотарин сатҳи мумкин режими саҳюнистиро ба самти иртикоби ҷиноятҳои бесобиқаи ин режим дар Навори Ғазза пеш бурд.

Ин ҳимоятҳо ҳеҷ натиҷае надод, балки инзиҷор ва хашми умумӣ нисбат ба иқдомоти Иёлоти Муттаҳида дар саросари ҷаҳон ва дар дохили Амрикоро низ дар пай доштанд. Аз тарафе режими саҳюнистӣ низ ба ҳеҷ кадом аз аҳдофи иддаоии худ дар Навори Ғазза даст наёфт, ки ҳеҷ, ҳоло ҳам замзамаҳое аз пазириши шартҳои Ҳамос барои оташбас дар Навори Ғазза ба гӯш мерасад. Дар ниҳоят ончи аз ҳимоят аз режими саҳюнистӣ барои Иёлоти Муттаҳида дар ин ҷанг боқӣ монда, лаккаи нанге аст, ки солҳо ва шояд то абад бар пешониаш нақш бастааст.

Шикаст дар баробари нерӯҳои Яман

Бузургтарин шикасти солҳои ахири Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи Ховари Миёнаро метавон дар мувоҷеҳа бо нерӯҳои яманӣ дар Дарёи Сурх мушоҳида кард, ки ин нерғҳо шараёни ҳаётии тиҷориро ба рӯи режими саҳюнистӣ баста ва бо ҳамлаҳои худ ба сарзаминҳои ишғолӣ муодилаҳои минтақа ва Иёлоти Муттаҳида ва режим саҳюнистиро ҳам барҳам задаанд.

Ба ҷуръат метавон гуфт режими саҳюнистӣ дар ибтидои ҳамлаҳо ба Ғазза ба танҳо гузинае, ки фикр намекард ҳадаф қарор гирифта шудан аз ҷониби нерӯҳои яманӣ ва ҳамчунин баста шудани тангаи ҳаётии Бобулмандаб буд, ки тавонист иқтисоди ин режимро ба шадидтарин шакли мумкин таҳти таъсир қарор диҳад. Дар ҳамин бора рӯзномаи англисии Голобс аз хисорати сангин ва зарба ба ширкатҳои киштиронӣ ва эҳтимоли таътилии бандари Илот дар сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод. Пас, бо ин шароит шараёни ҳаётии иқтисоди Исроил ба далели фирори сармоя аз сарзаминҳои ишғолӣ баста мешавад ва ҳамин масъала сабаби тазъифи иқтисоди ин режим хоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар баробарм ин зиёнҳо ва фишорҳои иқтисодт боз ҳам ба ҳамроҳм Англис даст ба таҷовуз ба Яман зад, ба умедм инки битавонад нерӯҳои яманиро таслим кунад ва аз ҳамлаҳо ба киштиҳои яманӣ боздорад. Аммо шикасти Иёлоти Муттаҳида дар мувоҷеҳа бо Яман замоне рақам хӯрд, ки нерӯҳои яманӣ аз ҳамлаҳои худ алайҳи киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолӣ даст барандоштанд ва ҳамлаҳои худ ба ин киштиҳо ва маконҳое монанди бандари Илот дар сарзаминҳои ишғолиро шиддат бахшиданд ва ҳоло ҳам ин ҳамлаҳо идома доранд.

Аз тарафе бо таъкиди артиши миллии Яман ба идомаи ҳамлаҳо то замони таваққуфи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ амалан метавон шикасти дигаре барои Иёлоти Муттаҳидаро мушоҳида кард, чароки бархилофи иддаои мақомоти ин кишвар, ҳузури Иёлоти Муттаҳида натанҳо барои минтақа ва режими саҳюнистӣ амнияте ба ҳамроҳ надошта, балки минтақаро ба самти даргирии бештар мекашонад.

Шикаст дар баробари нерӯҳои муқовимати исломӣ дар Ироқ ва Сурия

Пас аз ҳимояти беҳадду ҳасри Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза ҳамлаҳои нерӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия ба пойгоҳҳои Амрико шиддат гирифт. Иёлоти Муттаҳида ба заъми инки бо посух додан ба ин ҳамлаҳо метавонад аз шиддати онҳо бикоҳад, чандин бор пойгоҳҳои нерӯҳои муқовиматро ба шакли маҳдуд ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва паҳподӣ қарор дод. Ба рағми ин ҳамлаҳо, ҳадаф қарор гирифтани пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ва Сурия натанҳо кам нашуд, балки нерӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия бар шиддат ва теъдоди ҳамлаҳои худ афзуданд ва дар муҳимтарини ин ҳамлаҳо пойгоҳи «Бурҷ-22» дар марзи Урдун ва Сурия ҳадаф қарор гирифт, ки дар натиҷаи он се низомии Иёлоти Муттаҳида кушта шуданд.

Дар бораи ҳамлаҳо ба нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа сухангӯи Пентагон рӯзи 18-и январ эълон кард, ки токунун дар маҷмуъ 140 ҳамла алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия анҷом шуда, ки 57 бори он дар Ироқ ва 83 бори дигар дар Сурия будааст. Токунун артиши Амрико талафоти худро ошкор намекард, вале ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки Иёлоти Муттаҳида теъдоди ҳамлаҳо ва кушта шудани низомиёни худ дар натиҷаи ҳамлаҳои гурӯҳҳои муқовимат ба пойгоҳҳои амрикоӣ пас аз оғози ҷанг дар Навори Ғаззаро таъйид мекунад.

Ҳоло нерӯҳои муқовимат дар Ироқ ва Сурия илова бар инки пойгоҳҳои Амрикоро ҳадаф қарор медиҳанд, барои нахустин бор аз Ироқ як ҳадафи ҳаётӣ дар Ҳайфоро бо мушаки Курузи пешрафтаи бурдбаланд ҳадаф қарор доданд. Дар ҳамин бора сухангӯи ҷунбиши Нуҷабои Ироқ ҳамла ба Ҳайфо ва ҳадаф қарор додани умқи Фаластини ишғолиро паёми равшан барои режими ишғолгари Исроил тавсиф кард.

Ҳамлаҳои муқовимат ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Сурия ва сарзаминҳои ишғолӣ худ ҳикоят аз он доранд, ки Иёлоти Муттаҳида ба боздорандагии иддаоии худ дар минтақа даст наёфтааст ва дар ҳоли ҳозир ҳам худаш ва ҳам режими саҳюнистӣ ба унвони муттаҳиди сарсахти он ҳадафи ҳамлаҳои мудовим ва кушанда қарор мегиранд ва ин мавзуъ комилан дар тазод бо сиёсат ва иддаои Амрико барои ҳузур дар минтақа аст ва як шикасти стратегӣ барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дониста мешавад.

Шикаст дар ҳамроҳ кардани ҷомеаи байналмилалӣ

Пас аз ҳамлаҳои нерӯҳои Яман ба киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолӣ, мақомоти Амрико талош карданд, то барои муқобила бо артиши миллии Яман ва нерӯҳои Ансоруллоҳ эътилофе муташаккил аз нерӯҳои низомии кишварҳои мухталиф ташкил диҳанд, то ба заъми худ бо ҳамлаҳои Яман муқобила кунад.

Ин эътилоф натавонист кишварҳои муҳимми минтақа ҳамчун Арабистон ва Иморотро бо худ ҳамроҳ кунад ва бархе кишварҳое, ки худро ба ҳайси ҳампаймон ва муттаҳиди Иёлоти Муттаҳида мехонанд ҳам тӯле накашид, ки аз ин эътилоф хориҷ шуданд. Италия ва Испания, ки дар ибтидо эълон карда буданд дар ин тарҳ мушорикат хоҳанд кард, баъд аз он бо судури баёнияҳои ҷудогона талош карданд аз иқдоми аввалияи худ ақибнишинӣ кунанд.

Дар ниҳоят эътилофе, ки дар ибтидо иддао мешуд бо 20 кишвар ба муқобила бо Яман хоҳад пардохт дар ниҳоят ба 12 кишвар маҳдуд шуд, ки ин теъдод ҳам ҷуз судури баёния кори хоссе аз пеш набурданд. Иёлоти Муттаҳида низ бо ҳамроҳии Англистон ҳамлаҳои маҳдудеро ба минтақаҳое аз Яман анҷом дод, ки ин ҳамлаҳо ҳам натавонистанд ҷилави ҳамлаҳои нерӯҳои яманӣ ба киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро бигиранд ва дар ниҳоят азми яманиҳо ҳоло барои муқобила бо Амрико ва режими саҳюнистӣ бештар шудааст.

Натиҷагирӣ

Табиатан бо ин ҳаҷм аз шикастҳои пай дар пай дар минтақа, ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ба Ироқ ва Сурияро, ки бо ҷанҷоли расонаӣ аз тарафи мақомоти ин кишвар ҳамроҳ буд, метавон талоше барои фирор аз фишорҳои ворид бар давлати Ҷо Байден донист.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки умре худро қудрати яктои ҷаҳон муаррифӣ карда ва ба далелҳои мухталиф ҳузури худро дар минтақа тавҷеҳ кардааст, ҳоло шикастҳое хӯрдааст, ки кулли ҳежмуни онро зери савол мебарад. Акнун натанҳо мардуми минтақа ва Ховари Миёна, балки мардуми ҷаҳон ба равшанӣ метавонанд мушоҳида кунанд, ки сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ховари Миёна ва ба вижа дар баробари ҳаракатҳои исломии муқовимат ва Ҷумҳурии Исломии Эрон шикаст хӯрдааст.

Қаламрави шикастҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақа ва дар баробари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳадде мушаххас ва равшан аст, ки ҳоло мақомоти амрикоӣ ҳам даҳон ба эътироф мегушоянд. Дар тозатарин маврид Майк Ҷонсун, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар суханони худ сиёсати Байден дар бораи Эронро шикастхӯрда донист.

Ба ин тартиб, ба ҷуръат метавон гуфт, ки ҳамлаҳои ахири Иёлоти Муттаҳида дар сояи шикастҳои пай дар пайи ин режим чизе ҷуз як сарпӯш барои дар амон мондан аз интиқодҳо ва фишори афкори умумӣ ва ҷаҳонӣ набуд. Ҳар чанд, ки ин сиёсат низ бо таҳаввулоти минтақа ба назар намерасад чандон давом биоварад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад