Афзоиши шумори шуҳадои хабарнигор дар Ғазза ба 117 нафар

Артиши кӯдаккуш ва ҷинояткори режими саҳюнистӣ дар сояи сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷиноёти бераҳмона ва ваҳшиёнаи худ алайҳи ғайринизомиён ба хусус хабарнигорон ва рӯзноманигорон дар Ғазза идома медиҳад.

Амалиёти “Тӯфони Алақсо” дар ҳоле вориди наздик ба садумин рӯзи худ мешавад, ки артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар сояи сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунон ба қатлиом ва куштори мардуми мазлуми Ғазза ба хусус хабарнигорон ва рӯзноманигорон идома медиҳад ва дар талош аст шикастҳои заминӣ ва муфтазиҳонаи худро бо куштор ва қатлиоми ғайри низомиён ва хабарнигорон ҷуброн кунад.

7 октябр неруҳои мусаллаҳи гурӯҳи муқовимати исломии Ҳамос, ҳамлаеро алайҳи режими ғосиби саҳюнистӣ оғоз кард, ки ин режимро ғофилгир кард. Муборизони муқовимати исломии Ҳамос аз пойгоҳҳо ва таҷҳизоти низомии Исроил убур карданд, ки мунҷар ба кушташудани 1400 исроилӣ шуд. Исроил дар посух, ҷанги дигареро алайҳи Ғазза оғоз кард ва бо муҳосираи комили ин минтақа, бераҳмона ба бомбаборони ғайринизомиён ва зерсохтҳо пардохт, ки то кунун беш аз 23 ҳазор фаластинӣ расидааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари расонаӣ давлати Ғазза дар баёнияе эълом кард, ки теъдоди шуҳадои хабарнигор ва рӯзноманигор аз ибтидои наслкушии ишғолгарони алайҳи Ғазза аз ҳафтуми октябр токунун ба 117 нафар расидааст.

Дафтари расонаӣ давлати Ғазза дар ин баёния афзуд: артиши режими саҳюнистӣ аз рӯи амд хабарнигорони Фаластиниро аз ибтидои ҷанг алайҳи Навори Ғазза ҳадаф қарор дода ва ҳадафи онҳо аз ин иқдом, ҷилавгирӣ аз интишори ҷиноёти онон дар Ғазза аст.

Теъдоди шуҳадои хабарнигори Фаластиние, ки аз 7 октябр ва дар ҷараёни таҷовузи ахири режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ба шаҳодат расидаанд беш аз маҷмӯъи хабарнигорони шаҳид дар солҳои 2021 ва 2022 дар саросари ҷаҳон аст.

Бар асоси оморҳои мунташир шуда дар солҳои 2021 ва 2022 дар саросари ҷаҳон, дар маҷмӯъ 109 хабарнигор кушта шудаанд, ки ин теъдод барои Ғазза дар ҳудуди 100 рӯзи гузашта ба 117 нафар афзоиш пайдо кардааст.

Бештари аҳдофи ҳамалоти неруҳои режими ҷинояткор ва ишғолгари саҳюнистӣ манотиқи маскунӣ ва мардуми мазлум ва ғайринизомиён аст. Бар асоси гузоришҳо аз оғози ҷанги Ғазза токунун беш 23 ҳазор нафар ғайринизомӣ аз ҷумла занон ва кӯдакон ба сурати мазлумона ба шаҳодат расидаанд.

Ба таври куллӣ метавон гуфт пас аз ҳафтуми октябр дар Навори Ғазза наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангӣ ба таври ваҳшёна тавассути режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо пуштибонии кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, идома дорад.

Ин хабар дар ҳоле аст, ки артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҳамалоти ваҳшёнаи худ ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза идома медиҳад ва дар тозатарин ҷиноят, бори дигар муҳавватаи бемористони Носир дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон кард.

Ба таври миёнгин ҳаррӯз як хабарнигор дар ин ҷанг тавассути саҳюнистҳо шаҳид шудааст ва онҳо дар шароите, ки силоҳи онҳо фақат микрафон ва дурбин буд, ба шаҳодат расиданд. Хабарнигорони Ғазза авҷи разолат ва бадрафтории саҳюнистро ба тасвир кашиданд агар садҳо барномарезӣ мекардем то дунё моҳият ва ҳувияти аслии Исроилро бишносанд шояд таъсири он ба андозаи ҷиҳоди равшангарии ин хабарнигорон набуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки бузургтарин муассисоти расонаӣ дар дасти саҳюнистҳост, аммо бо вуҷуди тамоми абзорҳои расонаӣ ва ҳатто сензураи хабарҳо, хабарнигорони Ғазза воқеиятро ба дунё нишон доданд. Равшангарии хабарнигорон ва мавҷи азиме, ки алайҳи саҳюнистҳои террорист, дар дунё рақам хӯрд ҷаҳонро аз зери овори дурӯғпароканиҳои Исроил наҷот дод, агар бештар аз пирӯзии неруҳои муборизи Ҳамос набошад қатъан камтар нест ва ҳамин далели хубе аст, ки ёди хабарнигор ва рӯзноманигорони мазлуми Ғазза гиромӣ дошта шавад ва аз онҳо  ҳамеша ёд кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад