Тавсияҳои раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бораи истифода аз фурсати моҳи Раҷаб

Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар яке аз тавсияҳои худ дар бораи истифода аз рӯзҳои гаронқадри моҳи Раҷаб мефармояд: "Бузургон ва аҳли маъно ва аҳли сулук, моҳи Раҷабро муқаддимаи моҳи мубораки Рамазон донистаанд. Моҳи Раҷаб ва моҳи Шаъбон, як омодагиҳое аст барои инки инсон дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи зиёфати илоҳӣ аст, битавонад бо омодагии комил ворид шавад. Омодагӣ ба чист? Дар дараҷаи аввал, омодагӣ ба таваҷҷуҳ ва ҳузури қалб аст".

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари ҶИЭ, Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати оғози моҳи Раҷаб, гузидае аз тавсияҳо ва баёноти ишонро пиромуни баҳрагирии беҳтар аз фурсати беназири ин моҳи муборак мунташир кард.

Бузургон ва аҳли маъно ва аҳли сулук, моҳи Раҷабро муқаддимаи моҳи мубораки Рамазон донистаанд. Моҳи Раҷаб, моҳи Шаъбон, як омодагие аст барои инки инсон дар моҳ имубораки Рамазон, ки моҳи зиёфати илоҳӣ аст, битавонад бо омодагӣ ворид шавад. Омодаги ба чист? Дар дарҷаи аввал, омодагӣ ба таваҷҷуҳ ва ҳузури қалб аст; Худро дар маҳзари илми илоҳӣ донистан, дар маҳзари Худо донистан «سُبْحانَ مَنْ أَحْصی کُلَّ شَیْ‏ءٍ عِلْمُهُ» ҳамаи ҳолоти худро, ҳаракоти худро, ниятҳои худро, васвасаҳои қалбии худро дар маъраз ва маҳзари илми илоҳӣ донистан; Дар дарҷаи аввал, ин муҳим аст; Ва агар ин ҳосил шуд, он вақт таваҷҷуҳи мо ба корҳоямон, ба ҳарфаҳоямон, ба рафтуомадамон, ба сукутамон, ба гуфторамон, бештар хоҳад шуд.

Моҳи Раҷаб, моҳи истиғфор аст

Моҳи Раҷаб фурсати хубе аст; Моҳи дуо аст, моҳи таваҷҷуҳ аст, моҳи истиғфор аст. Доим ҳам бояд истиғфор кунем. Ҳеҷ кас ҳам хиёл накунад, ки ман аз истиғфор бениёз ҳастам. Пайғамбари Худо (с) мефармояд, ки: إِنَّهُ لَيُغَانُ عَلَي قَلْبِي وَ إِنِّي لَأَسْتَغْفِرُ اللَّهَ فِي كُلِّ يَوْمٍ سَبْعِينَ مَرَّةً. “Бидуни шак Пайғамбар ҳам ҳадди ақал рӯзе ҳафтод мартаба истиғфор мекард. Истиғфор барои ҳама аст; Бахусус моҳо, ки дар ин таҳаррукоти моддӣ, дар ин дунёи модди ғарқем ва олудаем. Истиғфор бахше аз ин олудагиро покиза мекунад ва аз байн мебарад. Моҳи истиғфор аст; Иншоаллоҳ фурсатро муғтанам бишуморем. Фарорасидани ин моҳро ба шумо табрик арз мекунам. Иншоаллоҳ, ки бар мо ва шумо ин моҳ муборак бошад ва аз ин моҳ вақте вориди моҳи Шаъбон мешавем, бахше аз корро ба тавфиқи илоҳӣ анҷом дода бошем.

Таваҷҷуҳ ба тавҳид ва азамати илоҳӣ

Яке аз хусусиёти дуоҳои моҳи Раҷаб ин аст: таваҷҷуҳ додан ба тавҳид, таваҷҷуҳ додан ба Худо, ба асмо ва сифоти илоҳӣ. Ин моҳро бояд қадр донист ва  охири ин моҳ, мутабаррик аст ба бузургтарин ҳодисаи таърих; Яъне Беъсати Пайғамбари Худо (с)

Дуоҳои моҳи Раҷабро бо огоҳӣ аз маъно бар дил ва забон ҷорӣ кунед

Моҳи Раҷабро қадр бидонед. Ҳамаи дуоҳое, ки дар ин моҳ ворид шуда, дарс аст; фақат печутоб ва лақлақаи забон нест. Ин дуоҳоро бо ҳузури қалб ва бо огоҳӣ аз умқи маънои онҳо, бар дил ва забонатон ҷорӣ кунед. Агар инсони мусулмон- ҷавон ва пир, зан ва мард- дар моҳи Раҷаб ва сипас моҳи Шаъбон, робитаи худро бо Худои Мутаол наздиктар кунад, бо омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон мерасад. Онгоҳ моҳи мубораки Рамазон зиёфати илоҳӣ мешавад.

Моҳи Раҷаб, моҳи намоз аст

Моҳи Раҷаб, бештар моҳи намоз аст. Ва моҳи Шаъбон, бештар моҳи дуо ва рӯза аст… дар ин се моҳ, ончи метавонед, барои захираи маънавӣ истифода кунед; Чун ин муттакӣ ба рӯҳи ҷавонӣ аст ва барои шумо мондагор хоҳад шуд. Ҳамаи чизҳои ҷомеа ингуна аст. Ҳар чизе, ки ба ҷавонон муттакӣ бошад, ин дар ҷомеа аввалан мондагор аст, сониян ҳамеша ботароват ва тару тоза аст.

Баҳори ибодат ва тазаррӯъ ва тавассул ба Аллоҳ

Моҳи Раҷаб, баҳори ибодат ва тазаррӯъ ва тавассул ба Аллоҳ аст. Ин рӯзҳои ибодатро – ин моҳи Раҷабро, моҳи Шаъбонро ва болотар, моҳи мубораки Рамазонро – дасти кам набояд гирифт.

Фурсате барои Худсозӣ дар тӯли сол

Хуб аст аз фурсати ин рӯзҳои мубораки моҳи Раҷаб барои таваҷҷуҳ ва талош дар ҳар марҳалае, ки ҳастем ва ба ҳар коре, ки машғулем, истифода кунем.

Ин рӯзҳо баробар аст бо моҳи мубораки Раҷаб; Моҳи дуо, моҳи тавассул, моҳи тазаррӯъ, моҳи омодашудани дилҳо барои вуруд ба моҳи мубораки Рамазон Иншоаллоҳ.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад