Наздик ба 2 ҳазор низомии Украина дар як ҳафта кушта шуданд

Вазорати дифои Русия бо интишори баёнияе эълом кард тайи ҳафтаи гузашта наздик ба 2 ҳазор низомии украинӣ дар Донетск кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа бо интишори баёнияе эълом кард, ки артиши Украина тайи ҳафтаи гузашта дар меҳвари Донетск беш аз 1990 низомӣ ва 17 худрави низомиро аз даст дод.

Ба думболи ҳамлаи бесобиқаи Украина ба Русия дар рӯзҳои поёнии ҳафта, ки дар муҳиммтарини онҳо шаҳри марзии Белгород ҳадаф қарор гирифт ва дасти кам 25 ғайринизомӣ кушта шуданд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе таъкид кард, ки ҳамалоти Маскав алайҳи Киев ташдид хоҳад шуд.

Ҳамлаи Киев пас аз бузургтарин ва пурдоманатарин ҳамалоти Русия алайҳи шаҳрҳои Украина сурат гирифт. Путин дар ҷараёни боздид аз як бемористони низомӣ гуфт: қасд дорем ҳамалотро ташдид кунем. Ҳеҷ ҷинояте алайҳи ғайринизомиён бидуни муҷозот нахоҳад монд ва ин қатъӣ аст.

Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамчунон ба ҳамлаи алайҳи «таъсисоти низомӣ» идома хоҳад дод ва таъкид кард: ин ҳамалотро дар рӯзҳои пеширу анҷом медиҳем ва онро такрор хоҳем кард.

Дар ин байн, Киев муддаӣ шуд, ки Русия бо теъдоди бесобиқае аз паҳпод, Украинаро дар шаби соли нав ҳадаф гирифтааст.

Путин хитоб ба сарбозони захмии рус изофа кард: ончи дар Белгород рух дод, иқдоми террористӣ буд ва ҳеҷ номи дигаре барои он вуҷуд надорад. Неруҳои украинӣ дуруст маркази шаҳрҳоро ҳадаф гирифтанд; ҷое, ки мардум шаби қабл аз соли нав, дар ҳоли тараддуд буданд. Онҳо ҳадафманд иқдом ба ҳамла ба ғайринизомиён карданд.

Вячеслав Гладков, фармондори Белгород дирӯз гуфт, ки шумори қурбониёни ин шаҳр ба 25 тан расидааст ва имдодгарон ва пизишкон муваффақ ба наҷоти ҷони як навзод, ки дар ҳамалот ба шиддат осеб дида буд, нашуданд. Ба гуфтаи вай дар маҷмӯъ 109 нафар дар ҳамлаи Украина захмӣ шуданд, ки 45 нафар аз онҳо ҳамчунон дар марокизи дармонӣ ҳастанд.

Путин дар бораи шароити майдонии набард гуфт, ки бовар дорад Маскав дар ҷараёни ҷанги тӯлонӣ бо Украина «ибтикори амали роҳбурди»-ро дар даст дорад ва таъкид кард «гузоришҳои майдоние, ки дарёфт кардаам ингуна аст.»

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин ёдовар шуд, ки Маскав ҳамвора хостори поёни ҷанг дар сареътарин замони мумкин будааст, аммо танҳо бо шуруте, ки Русия таъйин мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад