Теъдоди шаҳидони Ғазза ба 22 ҳазору 600 нафар расид

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳамзамон бо густариши доманаи ҳамлаҳои хушунатомези неруҳои ишғолгари Исроил дар Ғазза, Вазорати тандурустии Фаластин аз афзоиши теъдоди шаҳидон ва маҷрӯҳон дар Навори Ғазза хабар дод.

Вазорати тандурустии Фаластин дар баёнияе эълом кард, ки шумори шаҳидони Ғазза аз оғози набарди Тӯфони Ал-ақсо дар 7-уми октябр то имрӯз ба 22 ҳазору 600 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, теъдоди маҷрӯҳон дар Навори Ғазза низ ба 57 ҳазору 910 нафар расидааст; ҳамчунин беш аз 7 ҳазор нафар ҳам дар зери харобаҳо мондаанд.

Расонаҳои Исроил ба нақл аз Вазорати ҷанги ин режим гузориш доданд, ки пешбинӣ мешавад беш аз 12 ҳазор низомии исроилӣ дар натиҷаи ҷанги Ғазза дучори маъюбии доимӣ мешаванд.

Тибқи ин гузориш, Вазорати ҷанги Исроил тахмин мезанад, ки шумори сарбозони маълули артиш беш аз 20 дарсад афзоиш ёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад