Путин ҳодисаи террористии Кирмонро ба раҳбари инқилоби ҶИЭ тасалият гуфт

Раисҷмҳури Русия дирӯз дар вокуниш ба инфиҷорҳои террористии Кирмон, ин ҳодисаро ба раҳбари инқилоби исломии Эрон тасалият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дирӯз чаҳоршанбе бо судури паёме ҳодисаи террористӣ дар Кирмонро ба раҳбари инқилоби исломии Эрон тасалият гуфт.

Дар баёнияи содира аз сӯи дафтари риёсати ҷумҳурии Русия (Кремл), раисҷумҳури Русия тайи паёме ба Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷмҳури Эрон ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон ва куштори бераҳмонаи мардумро тасалият гуфт.

Баёнияи мазкур дар идома изофа мекунад, ки Русия терроризмро дар тамоми ашколи он маҳкум мекунад.

Як манбаъи огоҳ пештар дар гуфтугӯҳои худ изҳор кард: амалиёти террористи ба иллати ду инфиҷор дар вурудии Гулзори шуҳадои Кирмон будааст. Теъдоди шуҳадо ва маҷрӯҳон болост.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад