Режими саҳюнистӣ дар додгоҳи “Гаага” муҳокима мешавад

Сессияи Суди Байналхалкии "Адолат", ба манзури расидагӣ ба шикояти Африқои Ҷанубӣ аз режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва ҳамчунин наслкӯшии мардуми Фаластин ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “NBC”, мақомҳои исроилӣ ҳафтаи оянда бояд дар ҷаласаи истимоъ дар Сессияи Суди Байналхалкии “Адолат” дар шаҳри “Гаага” барои расидагӣ ба шикояти Африқои Ҷанубӣ ҳозир шаванд.

Африқои Ҷанубӣ, ҳафтаи гузашта дар ҷараёни шикояти худ ба Сессияи Суди Байналхалкии Адолат аз додгоҳи мустақар дар Гаага хост то дастури муваққатро барои таваққуфи ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза содир кунад.

Дар парвандаи шикояти Африқои Ҷанубӣ аз режими ғосиби саҳюнистӣ омадааст: иқдомоти Исроил дар Ғазза моҳияти наслкушӣ доранд ва бо ҳадафи аз байн бурдани фаластиниҳо дар Навори Ғазза анҷом мегирад.

Бар асоси ин гузориш, пас аз онки Африқои Ҷанубӣ исроилро ба иртикоби ҷанг дар Ғазза муттаҳам кард мақомҳои исроилӣ ҳафтаи оянда муқобили Сессияи Суди Байналхалкии Адолат ҳозир хоҳанд шуд.

Клейсон Монилла, яке аз сухангӯҳои идораи равобит ва ҳамкориҳои байналмилалии Африқои Ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе дар паёме дар шабакаи иҷтимоӣ Х гуфт, ки Малайзия аз шикояти Африқои Ҷануӣ ҳимоят кардааст. Ӯ гуфт, ки Африқои Ҷанубӣ интизор дорад соири кишварҳо ҳам иқдоми мушобеҳе анҷом диҳанд.

Вазорати умури хориҷаи Малайзия дар баёнияе эълом кард: иқдоми ҳуқуқии ахири Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил як гоми малмус ва ба мавқеъ дар ростои посухгӯ сохтани режимм Исроил аз бобати ҷиноёташ дар Ғазза ва куллияти арозии ишғолии Фаластини ба сурати ҳуқуқӣ аст.

Тибқи ин гузориш, додгоҳи расидагӣ ба ин парванда рӯзҳои 11 ва 12 январ дар Сессияи Суди Байналхалкии Адолат дар Гаагаи Нидерланд баргузор хоҳад шуд.

Африқои Ҷанубӣ, режими саҳюнистиро ба нақзи кунвонсиюни наслкушии 1948 Созмони Милали Муттаҳид аз ҳафтуми октябр то кунун дар Навори Ғазза муттаҳам карда ва хостори иттихози тадобири танбеҳӣ алайҳи ин режими ҷинояткор шудааст.

Шикояти Африқои Ҷанубӣ нигаронии амиқи мақомҳои саҳюнистиро ба ҳамроҳ доштааст. Рӯзномаи “Haaretz” ду рӯз пеш гузориш дод як коршиноси ҳуқуқии Исроил тайи рӯзҳои ахир дар хусуси эҳтимоли судури ҳукм дар Сессияи Суди Байналхалкии Адолат ба фармондаҳони олирутбаи артиши режими Исроил ба вижа Ҳертс Холловей, раиси ситоди муштараки ин режим ҳушдор дода ва хатароти чунин ҳукмеро ба онҳо гӯшзад кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад