Наслкушӣ дар Ғазза дар пеши чашми ҷаҳониён

Масъули кулли ожонси UNRWA вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки мардуми Ғазза дар маърази муҷозоти дастаҷамъӣ қарор доранд.

Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоъ расонии “Фаластин”, “Филип Лазарини”, Масъули кулли ожонси UNRWA вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки мардуми мазлуми Ғазза дар маърази муҷозоти дастаҷамъӣ қарор доранд ва танҳо иҷозаи вуруди мақодири ночизе аз кумакҳои башардӯстона ба ин борика дода мешавад.

Филип Лазарини тасреҳ кард, ки замон ба суръат дар ҳоли сипарӣ шудан ба самти қаҳтӣ аст ва ҷанг дар Ғазза бояд фавран мутаваққиф шавад.

Ҳамзамон, сухангӯи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ эълом кард 3 исроилии дигар, ки номашон дар листи афроди мафқуд шуда сабт шуда буд, мушаххас шуда, ки дар Ғазза асир ҳастанд.

Даниел Ҳагари унвон кард, ки бад-ин тартиб шумори усарои исроилӣ дар Ғазза ба 136 нафар афзоиш ёфтааст.

Аз тарафи дигар, гурдонҳои Қассом эълом кард неруҳо ва адавоти ҷангии ишғолгарони исроилиро дар маҳаллаи Ат-Туффоҳ дар шаҳри Ғазза бо ракетҳои кам бурд ва гулӯлаҳои хумпораӣ ҳадаф қарор додааст.

Ҳамчунин гурдонҳои Қассом ва гурӯҳонҳои Қудс дар амалиёти муштарак неруҳои ишғолгари исроилиро дар маҳаллаи Ат-Туффоҳ дар шаҳри Ғазза бо гулӯлаҳои хумпораӣ ҳадаф қарор доданд.

Муҷоҳидони гурдонҳои Қассом гурӯҳе аз неруҳои ишғолгари исроилиро дар канор як худрави зиреҳӣ дар маҳаллаи Ат-Туффоҳ  дар шаҳри Ғазза бо RPG ҳадаф қарор доданд, ки дар ин амалиёт неруҳои душман кушта ва захмӣ шуданд.

Хабарнигори Ал-Ҷазира эълом кард шумори шуҳадои ҳамалоти имрӯзи артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба 39 нафар ва Хон Юнус ба 30 нафар расидааст.

Аз сӯи дигар, дафтари иттилоъ расонии давлати Навори Ғазза эълом кард, ки шумори шуҳадо ва афроди нопадидшуда бар асари ҳамлаҳои артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба ин борика ба 29313 нафар расидааст.

Ин дафтари давлатӣ таъкид кард, ки 16350 нафар аз ин шуҳадо ва мафқудонро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд.

Дафтари иттилоъ расонии давлати Фаластин таъкид кард, ки артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ танҳо дар 3 рӯз 6 ҷиноят ва кушторро дар ҳаққи фаластиниён дар Рафаҳ муртакиб шуда, ки ба шаҳодати 31 нафар анҷомидааст.

Ин ниҳоди фаластиниӣ баён кард: артиши ишғолгар кӯчи иҷбории оворагон ва сипас ҳадаф қарордодани онон ва иртикоби ҷиноят дар ҳаққи онҳоро 48 бор такрор кардааст.

Дафтари иттилоъ расонии давлати Навори Ғазза бо ишора ба инфиоли ҷаҳониён дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар ин борика таъкид кард: наслкушии ҷамъии ғайринизомиён дар Навори Ғазза нанге бар пешонии башарият аст.

Ин ниҳоди давлатии фаластинӣ дар идома эълом кард: аз ҷомеа байналмилал мехоҳем, ки наслкушӣ ва куштори ҷамъии ғайринизомиён дар Ғазза аз сӯи ишғолгаронро мутаваққиф кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад