Ройзаниҳои Туркманистон ва Русия дар мавриди фаъолиятҳои матбуотӣ

Ройзаниҳои Туркманистону Русия дар заминаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи матбуот байни руасои бахшҳои сохтории ниҳодҳои дипломатики ду кишвар баргузор шуд.

Ройзаниҳои Туркманистону Русия дар заминаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи матбуот байни руасои бахшҳои сохтории ниҳодҳои дипломатики ду кишвар баргузор шуд.

Ройзаниҳои Туркманистон ва Русия дар заминаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи матбуот байни руасои бахшҳои сохтории ниҳодҳои дипломатики ду кишвар дар қолаби видео-конфронс баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин ройзаниҳо, ки дар чорчӯби иҷрои «барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи Туркманистон ва Русия барои солҳои 2023-2024» анҷом шуд, дипломатҳои ду кишвар дар бораи фаъолиятҳои хадамоти матбуоти Туркманистон ва Русия бо чашмандози тавсеаи ҳамкориҳо дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар чорчуби сохторҳои минтақаӣ ва бистарҳои байналмилалӣ баҳс ва табодули назар карданд.

Дар идомаи ин музокирот, мавзуъҳои дипломосии диҷитол дар чорчуби истифода аз абзорҳои расонаҳои пешрафта барои пӯшиши иттилоотии сиёсати хориҷӣ баррасӣ шуд ва ба тақвияти ҳамкорӣ байни нашрияҳои ниҳодҳои дипломатики ду кишвар таваҷҷуҳ шуд.

Ду тараф дар поёни ин ройзаниҳо алоқаи мутақобили худро барои густариши бештари тамосҳо ва мубодилот байни бахшҳои марбутаи вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар, иброз карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад