Тазоҳурот дар Олмон ва Англис алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ 

Шумори зиёде аз ҳаводорон ва тарафдорони Фаластин рӯзи шанбе дар пойтахти Олмон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ва инзиҷор аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ба хиёбонҳо омад ва тазоҳурот карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шумори зиёде аз шаҳрвандони олмонии ҳомии Фаластин рӯзи шанбе дар шаҳри «Берлин» пойтахти Олмон дар ҳимоят аз мардуми мазлум ва бедифои Ғазза тазоҳурот ва роҳпаймоӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин тазоҳурот ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Берлин бо дар даст доштани парчамҳои Фаластин ва шиор алайҳи режими ҷинояткори Исроил ба хиёбонҳои ин шаҳр омаданд.

Мардуми ҳозир дар ин таҷаммӯъ ва тазоҳурот аз минтақаи «Кройзберг» дар пойтахти Олмон то дарвозаи «Бранденбург» дар маркази шаҳр роҳпаймоӣ карданд ва хостори поёни ҷанг дар Навори Ғазза шуданд.

Пас аз гузашти 11 ҳафта аз ҷанг дар Ғазза, вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин теъдоди ҷонбохтагони фаластинӣ дар ҷараёни ҳамалоти густурда ва ваҳшиёнаи режими кӯдаккуши сҳюнистиро беш аз 20 ҳазор нафар унвон кардааст ва додаҳои моҳвораӣ низ аз тахриби беш аз як севуми созаҳои ҳамчун масоҷид, фурӯшгоҳҳо, хонаҳо ва мактабҳо дар саросари ин минтақа хабар додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, вайрониҳои ба бор омадаи ноши аз ҷанг дар Ғазза ҳатто аз бомбаборони Олмон тайи ҷанги ҷаҳонии дувум ҳам пешӣ гирифтааст ва наздик ба 33 дарсад аз сохтумонҳои мавриди истифодаи ғайринизомиён дар ҷараёни ин ҷанг вайрон шудаанд. Вазъияти эҷод шуда дар Ғазза ношӣ аз ҳамалоти густурдаи саҳюнистҳо, яке аз шадидтарин амалиёти куштори ғайринизомиён дар таърихро барои Ғазза ба сабт расондааст.

Шуморе аз мардуми Англис низ баъд аз зӯҳри шанбе  дар яке аз пурҷамъияттарин хиёбонҳои «Лондон» пойтахти ин кишвар роҳпаймоӣ карданд ва бар алайҳи ҷиноятҳои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Шаҳрвандони англисии мӯътариз ба режими ҷинояткор ва хуношоми Исроил, як рӯз қабл аз шаби солинавӣ дар «хиёбон Оксфорд» дар Лондон, ки пурҷамъиттарин хиёбонҳои ин кишвар астро бастанд ва масдуд карданд.

Ҳозирон дар ин маросим парчамҳои Фаластинро дар дастони худ доштанд ва алайҳи режими ҷинояткори Исроил ва дар ҳимоят аз мардуми музлум ва раҷдидаи Фаластин шиор доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад