Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Режими саҳюнистӣ решакан хоҳад шуд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон имрӯз дар дидори пуршӯри ҳазорон нафар аз мардуми шаҳрҳои Хузистон ва ҳамчунин Кирмони ин кишвар суханронӣ кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бахше аз суханонашро ба масъалаи байналмилалӣ ва исломии Ғазза ихтисос дод ва изҳор дошт: «ин ҳодиса аз ду ҷанба беназир аст; ҳам аз самти режими саҳюнистӣ, чароки ҳаргиз ингуна саффокӣ, ҷиноятгарӣ, хунхорӣ, кӯдаккушӣ, хабосат, бераҳмӣ ва андохтани бомби сангаршикан бар рӯи сари беморон ва бемористонҳо дида нашудааст, ва ҳам аз тарафи мардум ва муборизони фаластинӣ, чун ингуна сабр, муқовимат ва девона кардани душман, бесобиқа аст.»

Ишон илова кард: бо вуҷуди онки об, ғизо, дорӯ ва сӯхт ба ин мардум намерасад, аммо онҳо мисли кӯҳ истодаанд, ки ҳамин таслим нашудан ононро пирӯз мекунад, чароки Худованд бо сабркунандагон аст; ҳамчуноне ки нишонаҳои пирӯзӣ имрӯз дида мешавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, нотавонии режими саҳюнистиро бо вуҷуди анбӯҳи таҷҳизот ва имконот аз дигар ҷанбаҳои муҳими ин рӯёрӯии беназир хонд ва дар баёни нуктаи асосӣ гуфт: шикасти режими саҳюнистӣ дар ин ҳодиса шикасти Амрико ҳам ҳаст ва имрӯз дар дунё ҳеҷ кас тафовуте миёни режими ишғолгар бо Амрико ва Англис намегузорад ва ҳама медонанд, ки инҳо яке ҳастанд.

Ишон ветое чанд қатъномаи Шӯрои амният барои оташбас ва қатъи бомбаборонҳоро иқдоми бешармонаи давлати Амрико ва ҳамдастӣ бо режими саҳюнистӣ барои рехтани бомба бар рӯи кӯдак, зан, пирамард, бемор ва дигар мардуми бедфоъ хонд ва афзуд: пирӯзии бузурги миллати Фаластин ва ҷабҳаи ҳаққ ва муқовамат, беобрӯ кардани ғарб ва Амрико ва ифшои моҳияти ҳамаи иддаоҳои дурӯғини ҳуқуқи башарии онҳо аст; чароки Исроил бидуни паштвонаи Амрико наметавонист ин ҳама ҷиноят кунад ва имрӯз чеҳраи зишти ҳаюлои манҳуси Амрико ва Англис барои ҳамаи мардуми дунё ошкор шуда ва дар ин моҷаро, зоти Кохи сафед бармало ва ботини ҳукумати Амрико ва Англис равшан шудааст.

Ишон вазифаи давлатҳо ва миллатҳоро кумак ба муқовимат ба ҳар шакли мумкин хонд ва таъкид кард: кумак ба муқовимат вазифаи ҳама, ва кумак ба режими саҳюнистӣ, ҷиноят ва хиёнат аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ибрози таассуф аз кумаки ҷиноятомези бархе давлатҳои исломӣ ба режими саҳюнистӣ, гуфта: миллатҳои мусулмон ин масъаларо фаромӯш нахоҳанд кард.

Ишон ҷилавгирӣ аз расидани коло, нефт ва сӯхт ба режими саҳюнистӣ, ки ҳатто ҷилави расидан об ба мардуми Ғаззаро гирифтааст, вазифаи давлатҳои исломӣ хонд ва афзуд: миллатҳои мусулмон бояд аз давлатҳои худ бихоҳанд, ки ҳаргуна робита ва кумак ба ҷинояткорони саҳюнистро қатъ кунанд ва ё агар наметавонанд равобити доимиро қатъ кунанд, лоақал бо қатъи муваққат, режими хабис, золим ва хунхорро таҳти фишор қарор диҳанд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон афзуд: имрӯз виҷдони дунё ба дард омадааст. Мардум дар Амрико ва Аврупо ба хиёбонҳо меоянд ва бархе шахсиятҳои сиёсӣ ва руасои донишгоҳҳо ва донишмандони онҳо ба ҳимояти давлатҳои худ аз режими саҳюнистӣ эътироз мекунанд, аммо бо ин вуҷуд, бархе давлатҳо ҳамчунон ба кумакҳои худ ба режими ҷинояткор идома медиҳанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: ба ёрии Худованд, бетардид пирӯзӣ бо ҷабҳаи ҳақ аст ва режими ғосибу ишғолгари саҳюнистӣ решакан хоҳад шуд ва умедворем шумо ҷавонон ин ояндаи ҳатмиро ба чашми худ бубинед.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад