10-рӯз таътили зимистона барои хонандагони мактаб

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, аз 1 январи соли 2024 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-рӯз таътили зимистона оғоз мегардад.

Тибқи ин гузориш, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд ва дарсҳо дар тамоми мактабҳо 11 январ оғоз мегарданд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб менамояд.

Инчунин ба хонандагон барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад.

Ҳамзамон Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват кардааст, ки дар таътили зимистона аз паси фарзандони худ назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ бояд шаванд.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни “Муаллими сол”, гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ ҷалб мешаванд.

Дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки хонандагон ба онҳо омодагӣ мегиранд.

Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътилиҳои зимистона доир мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад