Амният дар Афғонистон ба нафъи минтақа ва Русия аст

Вазири ҳукумати Толибон дар дидор бо намояндаи вижаи Путин таъкид кард, амнияти ба вуҷуди омада дар Афғонистон ба нафъи минтақа ва Русия мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “Сироҷиддин Ҳаққонӣ”, вазири ҳукумати Толибон дар дидор бо “Замир Коблулов”, намояндаи вижаи Путин ва мудури дувуми бахши осиёии Вазорати хориҷаи Русия дар бораи равобити дуҷониба, масоили амниятӣ, тавсеаи равобити тиҷории байни ду кишвар ва ҳимояти Русия аз Афғонистон дар чорчубҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.

Бар асоси иттилоияи мунташир шуда тавассути Вазорати ҳукумати Толибон, Ҳаққонӣ дар ин дидор равобити байни ду кишварро мусбат хонду таъкид кард, ки рафтуомади намояндагони ду кишвар равобитро бештар аз пеш тақвият мекунад.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, амнияти ба вуҷуд омада дар Афғонистон ба нафъи минтақа ва Русия аст.

Иттилоия меафзояд, намояндаи вижаи Путин низ дар ин дидор амнияти ба вуҷуд омада дар Афғонистонро ба нафъи минтақа донисту талошҳои ҳукумати Толибонро дар ин росто мусбат хонд.

Кобулов афзуд: “Русия барои иқдомоти ҳукумати Афғонистон эҳтиром қоил аст ва таъкид мекунад Созмони Милали Муттаҳид бояд дар тафоҳум бо ҳукумат иқдом намоянд.

Ин дипломати русӣ дар идома низ хотирнишон кард, Маскав хостори афзоиши равобити тиҷорӣ байни ду кишвар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад