Сабтиноми Путин барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2024

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ҳузури Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Кумитаи марказии интихоботи ин кишварро барои сабтином дар даври баъдии раёсатҷумҳурӣ, ки дар авосити марти 2024 баргузор хоҳад шуд, таъкид кард. Путин мадорики лозим барои сабтином ба унвони номзади раёсатҷумҳуриро ироа кардааст.

Владимир Путин пештар дар маросиме бо ҳузури беш аз 200 нафар аз шахсиятҳои низомӣ ва ифтихорофаринони ин кишвар барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии оянда эълони омодагӣ карда буд. Давраи феълии раёсатҷумҳурии Путин дар 7 майи 2024 ба поён мерасад. Ин панҷумин боре аст, ки Путин барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия номзад хоҳад шуд ва дар сурати пирузӣ дар ин давр аз интихобот, давраи раёсатҷумҳурии вай то 6 соли дигар, яъне соли 2030 тамдид хоҳад шуд.

Владимир Путин мутаваллиди 7 октябри 1952 ва раисиҷумҳури феълии Русия аст. Вай раиси Ҳизби “Русияи воҳид” аз 15 апрели 2008 аст. Путин аз соли 1999 токунун ҳамвора мақоми раёсатҷумҳурӣ ё нахуствазирии Русияро дар ихтиёр доштааст. Путин дар соли 2000 барои аввалин бор ба муддати чаҳор сол раисиҷумҳури Русия шуд. Сипас бори дигар дар соли 2004 интихоб шуда ва то соли 2008 ин симатро уҳдадор буд. Пас аз он аз соли 2012 токунун раисиҷумҳури Русия буда, ки қарор аст то соли 2024 ин симатро тасаддӣ намояд.

Бар асоси яке аз мафоди ислоҳ шудаи Қонуни асосии Русия, ки дар соли 2020 анҷом шуд, маҳдудияти давраи раёсатҷумҳурӣ бидуни таваҷҷуҳ ба давраҳои раёсатҷумҳурии қаблии Путин, эъмон мешавад. Ин ба он маъно аст, ки вай метавонад барои ду давраи дигар дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад. Қонуни асосии қаблӣ ба раисиҷумҳури Русия иҷозат намедод беш аз ду бор дар ин симат ба сурати мутаволӣ боқӣ бимонад, аммо қонуни ҷадиди интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, ки баъд аз ҳамапурсӣ дар бораи ислоҳи қонуни асосӣ ба тасвиби порлумони ин кишвар расид Путин низ онро имзо кард, ба вай имкон медиҳад ки бидуни маҳдудият то соли 2036 мақоми раёсатҷумҳуриро дар даст дошта бошад.

Мардуми Русия дар июли 2020 ба ислоҳот дар қонуни асосии Русия раъйи мусбат дода буданд. Яке аз коршиносон мегӯяд: Раванди тағйиру таҳаввулот дар қонуни асосии Русия, вазъиятиро ба вуҷуд хоҳад овард, ки бар асари он соири гузинаҳо, яъне гузинаи ҷонишинии Путин то ҳадди зиёде камранг мешаваду шахси вай ҳамчунон метавонад ба унвони нафари аввалу тасмимгирандаи аслӣ дар қудрат боқӣ бимонад.

Бо ислоҳи қонуни асосии Русия, роҳ барои Путин ба манзури идомаи ҳукмронии вай то соли 2036 ҳамвора шуд. Ин масъала мусалламан хабари нохушоянде барои мухолифони дохилии Путину ҳомиёни ғарбии онҳо аст. Путин ба унвони як раисиҷумҳури муқтадиру асаргузор бар хилофи рӯйкарди қаблии худ ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки агар қудрат дар Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 ба сиёсатмадори дигаре бирасад, ба рағми ҳамаи тадобире, ки вай дар чорчуби ислоҳоти қонуни асосӣ иттихоз карда то битавонад ҳамчунон дар арсаи сиёсати Русия шахсе таъсиргузору таъйинкунанда бошад, мумкин аст, авзоъ дар раванди маддиназари вай ҷараён пайдо накунад, лизо акнун вай ба ин натиҷаи расида, ки роҳкори мутмаин ин аст, ки худ бори дигар қудратро дар даст гирад.

Дар муқобил, мухолифони ғарбгарои Путин дар Русия ба шиддат аз тадовуми раёсатҷумҳурии Путин интиқод карда ва бо муттаҳам кардани вай ба ҳимоят аз алигархии молӣ ва сиёсӣ, хоҳони тағйиру чархиши нухбагон, аз ҷумла имкони рақобатҳои воқеӣ дар арсаи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ҳастанд. Бо ин ҳол ба далели ҳимояти ғарбиҳо аз мухолифон ба вижа Алексей Навалний, амалан онҳо ҷойгоҳи қобили таваҷҷуҳе назди мардуми Русия надоранд. Зимни инки тибқи назарсанҷиҳо Путин ҳануз аз ҳимояти мардумии қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор аст.

Бар асоси охирин назарсанҷии Маркази афкорсанҷии Русия, сатҳи эътимоди мардуми ин кишвар ба Путин 78.5 дарсад ва мизони мувофиқати фаъолиятҳои вай аз сӯи ҷомеа 75.8 дарсад баровард шудааст. Ҳамчунин бар асоси иттилооти Бунёди «афкори умумӣ»-и Русия, 70 дарсади мардуми ин кишвар аз номзадии муҷаддади Путин барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳимоят мекунанд. Ин адад дар ду соли гузашта ва пас аз оғози ҷанг дар Украина афзоиш пайдо кардааст.

Мусаллам аст, ки путин ба унвони раисиҷумҳури Русия нақши бисёр муҳимме дар таҳаввулоти ин кишвар дар ду даҳаи гузашта ифо карда ва дар сурати пирузӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии оянда ва тадовуми зимомдории вай то соли 2036 интизор меравад, ки вай нақши калидии худро то он замон дар васеътарин кишвари ҷаҳон ифо кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба тадовуми ҷанг байни Русия ва Украина ва таҳримҳои густарда ва бесобиқаи Ғарб алайҳи Русия, Путин тавониста то ҳадди зиёде мушкилоти Русияро маҳор намояд. Бо вуҷудҳи мувоҷиҳаи Русия бо муъзалоти ношӣ аз камбуди нерӯи кор, таваррум ва нархҳои болои баҳра, аммо муваффақияти Маскав дар зери бор нарафтани сақфи қимати таъйин шудаи ғарбиҳо барои нефти Русия ва низ густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо шарқ, мунҷар ба тасбити вазъияти иқтисодӣ ва низ беҳбуди рушди иқтисодии ин кишвар шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад