Ҳар гуна муваффақияте дар Ғазза наметавонад шикасти нангини 7 октябрро аз байн бибарад

Ба эътирофи раиси собиқи сервиси иттилооти низомии режими ҷинояткори саҳюнистӣ ҳар иқдоме ҳам, ки анҷом диҳад наметавонад сарпӯше бар шикаст дар 7 октябр бошад.

Тамир Хаман, раиси собиқи сервиси иттилооти низомии режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, ки дар ҳоли ҳозир раиси яке аз марокизи таҳқиқотии ин режим аст эълом кард, ҳар тасвире аз пирӯзӣ дар Ғазза наметавонад шикасти нангини 7 октябрро барои Исроил пок кунад.

Тамир Хаман, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони раиси маркази пажӯҳишҳои амнияти донишгоҳи Телавив фаъолият мекунад, дар мақолае ки дар пойгоҳи шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ мунташир шуд эълом кард, ҳар натиҷае ки ин ҷанг барои Исроил дошта бошад, нанги шикасти ҳафти октябр барои Телавивро пок нахоҳад кард, ӯ дар айни ҳол хотир нишон кард роҳи низомӣ наметавонад роҳи муносибе барои таҳаққуқи амният барои Исроил маҳсуб шуда ва танҳо роҳиҳал созиши баланд муддатаст.

Ин Генерали собиқи артиши режими ғосиби саҳюнистӣ барои тавҷеҳи нокомиҳои артиши саҳюнистӣ дар шимоли Навори Ғазза иддао кард, имрӯз мо бо воқеиятҳои печидае мувоҷеҳ ҳастем, зеро артиши Исроил дар маркази минтақаи пур аз ҷамъият ҳузур дорад, ки ҳам ҷангҷуён ва ҳам ғайри низомиён ва дар айни ҳоли рубуда шудагон (усаро) дар он ҳузур доранд, фишори низомӣ ва шароити сахти минтақа шароити бесобиқаеро эҷод кардаанд, ҷангҷуён дар лаҳза зоҳир ва баъд аз он махфӣ мешаванд.

Ба гуфтаи ин Генерали собиқи иттилоотии режими палиди саҳюнистӣ бо вуҷӯди онки гуфта мешавад ду сеюм аз тавони ҷангии Ҳамос дар ин даргирӣ аз байн рафтааст, аммо Исроил дар террори раҳбарон ва фармондиҳони Ҳамос то ба имрӯзи ноком монда ва ин созмон ҳамчунон ба унвони як сохтори мунсаҷим фаъолиятҳои мусаллаҳонаи худро ба вижа дар ҷануби Навори Ғазза идома медиҳад.

Дар ҳамин росто, “Муҳаммад Ал-Ҳиндӣ” яке аз раҳбарони аршади ҷиҳоди исломӣ таъкид кард мӯшакборони Телаваи дар 75 рӯз аз ҷанг далел бар шикасти душманаст.

Муҳаммад Ал-Ҳиндӣ, ки муовини дабири кулли ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин аст, таъкид кард: ончии рӯзи ҳафтуми октябр иттифоқ афтод, ҳамчун раъду барқи шадид дар минтақа буд.

Ӯ таъкид кард: ин ҳамла ҳамаи муъодилоти тасаллути душмани саҳюнистӣ бар минтақаро бар ҳам зад. Ҳадаф аз ҷиноёт ва кушторҳои режими палиди саҳюнистӣ бозёбии боздорандагӣ дар минтақааст, ки албатта дигар ба он нахоҳад расид.

Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил, бо кушторҳои ваҳшиёна муқобили дидагони ҷаҳонён, ба дунболи фирор аз шикасти худ дар майдони набард аст.

Вай идома дод, ин ҷангро Вашингтон ва Ғарб ба манзури ҳифзи боздорандагии “Исроил” раҳбарӣ мекунанд. Исроил пас аз ин ҷанг дигар ҳамонанди қабл нахоҳад буд.

Дар идомаи эътирозоти мақомоти режими ҷинояткори саҳюнисӣ ин бор раиси банки марказии режими Исроил, бо ишора ба мушкилоти молии Исроил ба сохтори фармондиҳии ҷанги ин режим ҳушдор дод ва бо киноя ба кобинаи Нетаняҳу гуфт: “Буҷаи ҷанг номаҳдуд нест!”.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, раиси банки марказии режими саҳюнистӣ, ки ҷаласаи комиссияи тафтишот ва ҳисобрасии Кнессет ширкат карда буд ҳушдор дод бо вуҷуди аҳамияти ҷанг, аммо буҷети он ҳам номаҳдуд набуда ва бояд ба фикри як роҳиҳал буд.

Амир Ярун, раиси банки марказии режими саҳюнистӣ дар ин замина таъкид кард, мо на танҳо дар як шароити сахт ва шиканандаи амниятӣ қарор дорем балки ин шароит дар робита бо иқтисод ҳам сидқ мекунад ва ҷанг авоқиб ва табаоти худро бар иқтисод ҳам қарор дода ва хоҳад дод!.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад