Толибон ҳануз амнияти кишварҳои ҳамсояро тазмин накардааст

Сафири Русия дар Душанбе гуфт: Толибон баъд аз расидан ба қудрат дар Афғонистон, ҳануз амнияти кишварҳои ҳамсояро тазмин накардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Симон Григорев” сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон, ҳануз натавониста амнияти кишварҳои ҳамсояро тазмин кунад.

Вай афзуд: мо пешрафти қобили таваҷҷӯҳе дар таҳаққуқи ваъдаҳои Толибон дар мавриди тазмини амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон намебинем. Дар тӯли соли ҷорӣ, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, талошҳои зиёде барои нуфӯз ба хоки кишвар сабт шудааст. Хушбахтона тамомии ин талошҳо тавассути неруҳои амниятии Тоҷикистон дафъ шуданд.

Ба гуфта вай, Афғонистон аз назари иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вазъияти хӯбе надорад ва дар остонаи як буҳрони инсонӣ қарор дорад.

Вай таъкид кард: тавваҷуҳи руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон ба мавзӯъи Афғонистон комилан муваҷҷаҳ ва мусталзими ҳамоҳангсозии мудовими дастуруҳои воҳиде аст.

Симон Григорев, ба афзоиши қобили тавваҷуҳи қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ишора кард ва гуфт: ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ амалан буҷети барномаҳои мубориза бо маводди мухаддирро, ки аз тариқи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон убӯр мекунанд, коҳиш додаанд.

Вай ҳуҷуми паноҳҷуёни афғон, ки тавассути Покистон ихроҷ мешавандро як омили изофии бесаботкунанда дар Афғонистон унвон кард ва гуфт: илова бар ин, ин воқеият, ки ин амр таркиби қавмии ҷамъиятии маҳаллиро бо даргириҳои иҷтинобнопазир тағйир медиҳад, мумкин аст дар миёни онҳо аносири террористӣ низ вуҷуд дошта бошанд.

Бинобар суханони Григорев, Русия тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз ҳамалот ба муттаҳидони худ, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст, анҷом хоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад