Таъкиди Тоҷикистону Эрон ба иҷрои тафоҳумҳои қазоӣ

Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Эрон ба иҷрои тафоҳумҳои қазоӣ барои рушди бештари муносибот байни ду кишвар таъкид шуд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кардааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо вазири адлияи кишвар иҷрои тафоҳумҳои қазоиро зомини иртиқои муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар донист.

Сафири Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти таърихӣ, забонӣ, фарҳангӣ ва динӣ байни Эрон ва Тоҷикистон, вуҷуди тафоҳумномаҳои интиқоли маҳкумин, истирдоди муҷримин байни ду кишварро нишондиҳандаи равобити хуби дуҷониба дар ҳавзаи қазоӣ тавсиф кард ва иҷрои тафоҳумҳои қазоиро зомини рушди муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар донист.

Ашӯриён дар ин дидор зимни ибрози ризоят аз ҳамкориҳои ҷорӣ байни ду кишвар, шиносоии зарфиятҳои ҷадид барои иртиқои равобити дуҷониба дар тамоми ҳавзаҳоро боаҳамият донист ва бар идомаи ҳамкориҳои қазоӣ бо Эрон бо ҳадафи баҳрамандии шаҳрвандони ду кишвар аз ин равобити ҳасана ва нек, таъкид кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад