Тавофуқ бар сари тақсими 24 километр марзи муштарак

Гузоришҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистону Қирқизистон бар сари тақсими 24 километри марзи муштарак тавофуқ карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва кории Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз 29 ноябр то 5 декабр баргузор гардид.

Тибқи гузоришҳо, ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.

Қаблан дар ин минтақа дидору мулоқоти раисони Кумитаи амнияти миллии ҷонибҳо доир шуд ва ба гуфти Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардиданд.

Ямтимов гуфт, пеш аз ҳама, ин ба роҳи Ворух – Хоҷаи Ало дахл дорад. Мо ин масъаларо амалан ҳалшуда мешуморем. Масъалаи дуюм дар бораи иншоотҳое мебошад, ки Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад. Дар ин бора қарори муҳим расидем.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад, аммо заминҳо дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонанд.

Дар баробари ин Тоҷикистон ба иншооте, ки дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад ва заминҳо дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд.

Сардори Куитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи бахши Торт-кочо сухан гуфт. Ӯ гуфтааст, ки чораҳои ба ин монанд ва баробар дида шуданд. Яъне, ин бахш “ҳамон гуна истифода мешавад, ки мо онро дар самти Ворӯх – Хоҷаи Аъло истифода мебарем”.

Раҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин дидорро пурмаҳсул хонда гуфтааст, ки ҳалли масъала наздик аст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад