Бӯҳрони Фаластин ба сатҳи як фалокати башарӣ расидааст

Раисҷумҳури Русия шомгоҳи душанбе гуфт, ки муноқишаи тӯлонимуддат дар Фаластини ишғолӣ, шароити як фоҷиа ва фалокати инсонии воқеиро пайдо кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Путин” раисҷумҳури Русия шомгоҳи душанбе гуфт, ки муноқишаи тӯлонимуддат дар Фаластини ишғолӣ, шароити як фоҷиаи инсонии воқеиро пайдо кардааст.

Владимир Путин тайи маросиме дар Кремл тавзеҳ дод: «равобити байналмилал дар бурҳаи бисёр душворе ба сар мебарад, ки дар он буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай ҳамчунин афзуд, ки Русия омодаи ҳамкории наздик бо тамоми кишварҳои дӯст барои ҳали мушкилоти муҳимми минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст.

Раисҷумҳури Русия чанде пеш дар паёме ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин, тасреҳ кард, ки ташкили як кишвари мустақили фаластинӣ бар асоси марзҳои 1967 яке аз аслитарин шартҳо барои барқарории сулҳи мондагор ва одилона миёни Фаластин ва режими саҳюнистӣ аст.

Пеш аз ин низ “Дмитрий Чумаков” муовини намояндаи Русия дар Созмони Милал зимни тавсифи ҷанги Ғазза ба унвони «як даргирӣ дар миқёси бесобиқа», гуфт, ки хатари густариши он кулли минтақаи ғарби осиёро таҳдид мекунад.

Аз сӯи дигар, “Анатолий Викторов” сафири Федератсияи Русия дар Фаластини ишғолӣ ҳам зимни ишора ба ҳимояти Русия аз вақфаи башардӯстонае, ки дар Навори Ғазза барқарор шуда, аммо гуфт, ки Маскав хостори доимӣ шудани ин оташбас аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад