Танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон базудӣ ҳал хоҳад шуд

Дабири кулли Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ гуфт: Аъзои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ итминон доранд ихтилофоти марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Имомқули Тасмагамбатов, Дабири кулли Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ гуфт: Аъзои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ итминон доранд мавзӯи ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд ва пешрафтҳои назаррасе дар ин росто вуҷуд дорад.

Вай хотирнишон кард: Сарони кишварҳо бо ишора ба пешрафтҳои суратгирифта ибрози итминон карданд ин мушкил дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд.

Ба гуфта дабири кулли СПАД пешрафти қобили мулоҳиза дар ҳали масаълаи марзӣ байни ин ду кишвар як омили муҳиму мусбат барои кулли минтақа ба ҳисоб меравад.

Тасмагамбатов таъкид кард: Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон эълом карданд, ки барои ҳалли ин мавзӯъ ҳеҷ ҷойгузине ҷуз равишҳои сиёсӣ ва дипломатик нест ва бар асоси он камиссиюнҳои давлатӣ ташкил шудаанд, ки ба таври муназзам ҷаласа мегузоранду мушкилоти бахшҳои мавриди ихтилофи марзро ҳал мекунанд.

Дабири кулли СПАД афзуд: Фикр мекунам дар ояндаи наздик шоҳиди пешрафти бисёр хубе дар ин замина бошем.

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус низ ба ин мавзӯъ ишора карда гуфт: Мо аз пешрафти бисёр хуб байни руасои ҷумҳури ин ду кишвар дар марзи муштаракашон истиқбол мекунем.

Лозим ба зикр аст, ки оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон пештар эълом карда буд ҳар ду тараф хоҳони ҳалли мушкили марзӣ то поёни соли 2023 ҳастанд.

Тӯли марзи ду кишвар 972 километр аст. Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки ҳудуди 290 километр таъин нашуда, боқӣ мондааст. Пас аз имзои протоколи шумораи 44, раванди тавофуқ бар сари бахшҳои марзӣ суръати қобили таваҷҷуҳе ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад