Нуктаҳое аз суханронии муҳими сайид Ҳасан Насруллоҳ – 04

Суханронии сарнавиштсози дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи таҳаввулоти ахири Фаластин ва Ғазза бо меҳварияти Тӯфони Ал-Ақсо таваҷҷуҳи ҳамаи ҷаҳониён ба хусус сарони режими ғосиб ва ҳамчунин ҳомиёни рӯсиёҳи ғарбии онро ба худ ҷалб кард. Бар асоси гузориши расонаҳо садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон ин суханрониро гӯш карданд. Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳро метавон «Маншури ҳаққонияти дифои Ғазза дар муқобили ҷиноятҳои режими ғосиб» номид.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии рӯзи ҷумъа сеюми ноябри 2023 нуктаҳои бисёр асосӣ ва муҳиммеро баён кард. Нуктаи аввал бо унвони “Машруияти инкорнопазири амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо»” ва нуктаи дувум бо унвони “Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо 100% фаластинӣ буд” ва нуктаи севум бо унвони «Табодул» танҳо роҳи пеши рӯи режими саҳюнистӣ” ва нуктаи чорум бо унвони “Баёни ду роҳбурди фаврӣ ва асосӣ” тақдим шуд ва инак нуктаи панҷуми ин суханрониро пешкаши шумо менамоем.

Нуктаи панҷум: Ҳимояти амалӣ ва таъсиргузори Ҳизбуллоҳ аз муқовимати Ғазза

Ҳузури амалӣ ба ҷои изҳори таасуф

Метавон муҳимтарин бахши суханронии дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро баёни ҳимояти амалӣ ва беҳадди Ҳизбуллоҳ аз муқовимати Ғазза ва Фаластин донист.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба сурати муфассал баён кард, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон аз рӯзи ҳаштуми октябр танҳо як рӯз пас аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо барои ҳимоят аз мардум ва муқовимати исломии Ғазза вориди майдони амал ва ҳамлаи низомӣ ба пойгоҳҳои саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ шудааст. Ишон бо интиқод аз беамалии давлатҳои арабӣ дар баробари Ғазза, пурсид: Оё шумо давлатҳои арабӣ он қадар нотавон шудаед, ки наметавонед маҷрӯҳе аз маҷрӯҳони Ғаззаро табобат кунед ва ё як луқма нон ба сокинони араби Ғазза бирасонед? Ӯ гуфт, ки мо аз рӯзи аввал ва бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳо кумак кардем, ҳол шумо, ки талабкорона аз мо савол мекунед, куҷоед?! Далели ҷиддӣ будани ҳимояти мо 57 шаҳиде аст, ки дар ин мубориза тақдим кардаем ва зарарҳоест, ки ба хонаҳои мо ворид шудааст. Чаро шумо давлатҳои арабӣ поро аз изҳори таассуф фаротар нагузоштаед?!

Ду харҷи сангин барои саҳюнистҳои ғосиб

Воқеият ин аст, ки дар ҷараёни ҷанги Ғазза, Ҳизбуллоҳ ба қимати ба хатар андохтани неруҳои худ, кумакҳои роҳбурдӣ ба мардуми Фаластин ва неруҳои муқовимати Ғазза намудааст. Намунаи он эълони омодабоши 100%-ии Ҳизбуллоҳ аз лаҳзаи шуруи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо буд, ки сабаби тарси зиёди режими ғосиб аз боз шудани ҷабҳаи шимолӣ гардид.

Ин омодабош ду харҷи сангин бар режими ишғолгари Қудс гузошт. Харҷи аввал холӣ кардани комили минтақаҳои шимоли Фаластин то умқи панҷ километрӣ ва расондани ҷамъият ба 30% то умқи 15 километрӣ буд, ки наздик ба 500 ҳазор нафарро раҳсипори урдугоҳҳои исроилӣ дар атрофи Телавив ва бандари Илот дар ҷануб кард. Харҷи дувум ночор шудани Исроил ба фиристодани чаҳор лашкар аз 14 лашкари худ ба бахшҳои шимолӣ буд, ки ба омодагии артиши режими саҳюнистӣ дар дафъи таҳдидҳои фаластиниҳо аз Ғазза осеби ҷиддӣ зад. Ҳизбуллоҳ бо ин ҳаракати худ бори наздик ба яксевуми артиши Исроилро аз дӯши фаластиниҳо бардошт. Дар таҳлили низомӣ ин иқдом бо унвони «умқбахшӣ ба ҷабҳаи худӣ» номида мешавад.

Партоби анвои мушак ва ракет ва фиристодани паҳпод ба умқи 15 километрии шимоли Фаластин сабаб шуд, ки ниме аз тавоноиҳои низомии дарёии режими ғосиб аз соҳилҳои Ғазза ба самти соҳилҳои ҷануби Лубнон ва соҳилҳои Ҳайфо гусел шавад. Ҳамчунин амалиётҳои паҳподии Ҳизбуллоҳ сабаби даргир шудани ҳудуди якчоруми тавони низомии ҳавоии режим аз Ғазза ба самти Лубнон шуд. Илова бар инҳо ҳаҷме аз таслиҳот, ки саҳюнистҳои ғосиб дар ҷанг бо Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ниёз доштанд, ба сӯи шимоли вилояти Ҷалил фиристода шуд.

Чанд саволи муҳим

Оё ин иқдомоти Ҳизбуллоҳ хатарпазирии боло нест?

Оё метавон иқдомот ва талафоти Ҳизубллоҳро андак донист ва нодида гирифт?

Оё кишварҳои арабӣ ба хусус Миср ва Урдун дар ин набарди ислому куфр ва арабҳо чӣ ҳимояте аз сокинон ва мардуми муқовими Ғазза ва Фаластин карданд?

Омодагӣ барои густариши иқдомот

Раҳбари Ҳизбуллоҳ дар идома ошкоро аз густариши иқдомоти муқовимати исломии Лубнон зидди режими ғосиб барои ҳимоят аз Ғазза дар сурати зарурат сухан гуфт. Бар ин асос ишон гуфт: «Ба таъкид мегӯям, бо тамоми шаффофият ва ростӣ ва бо тамоми равшанӣ ва печидагие, ки печидагӣ ҳам мавриди назари ман мебошад, бидонед, ки ҳатман амалӣ шудани ҳамаи эҳтимолот аз сӯи ҷабҳаи Лубнон ва ҳамаи гузинаҳо боз ҳастанд ва иҷрои ҳар гузинае назди мо матраҳ аст ва ҳар лаҳза мумкин аст ба самти истифода аз он биравем ва бар ин асос ҳамаи размандагони лубнонӣ бояд омода бошанд ва барои ҳар эҳтимоле дар оянда, худро муҷаҳҳаз ва омода намоянд».

Беасар кардани шубҳаҳо

Бинобар ин шубҳасозӣ дар бораи иқдоми Ҳизбуллоҳи Лубнон ва дар бораи мавзеъгириҳои дабири кулли он асосан ба хотири асаргузории он бар мавзуъҳо ва таҳаввулоти минтақаӣ бармегардад. Дар ин миён яке аз ҳилаҳо барои ғалаба бар равишҳои Ҳизбуллоҳ, боз кардани мушти он мебошад, дар ҳоле ки «розолуд» ҳаракат кардан яке аз лавозими қудрат ва асари амалиётии он аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо ин баёни худ пеши роҳи муддаиён ва шубҳасозонеро, ки худ ҳеҷ нақше дар кумак ба муборизони фаластинӣ ва мубориза бо режими ғосиб надоштанд ё камтарин нақшро бозӣ карданд, гирифт ва ба мусулмонон ва озодагони ҷаҳон ҳақиқатро баён кард то фиреби шайтанатҳои расонаии душманро нахӯранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад