Афзоиши 6.8 дарсадии будҷаи дифоии Қазоқистон дар 6 моҳаи аввали 2023

 Бар асоси эълони пойгоҳи таҳлилии тиҷорат ва умури молии Қазоқистон Филпром ҳазинаҳо ва будҷаи дифои ин кишвар дар 6 моҳаи нахусти соли ҷорӣ 6.8 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси эълони пойгоҳи таҳлилии тиҷорат ва умури молии Қазоқистон Филпром ҳазинаҳо ва будҷаи дифои ин кишвар дар 6 моҳаи нахусти соли ҷорӣ 6.8 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар январ то август соли ҷорӣ, будҷаи давлатии Қазоқистон барои масрафи дифоӣ ба 715.7 миллиард танга расид, ки дар муқоиса бо январ то августи 2022, 6.8 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба таври куллӣ, будҷаи низомии Қазоқистон барои соли 2023 беш аз 1.2 тарилиун танга ва 11.6 дарсад бештар аз соли 2022 барномарезӣ шудааст.

Ин портал ба додаҳои муассисаи таҳқиқотии сулҳи байналмилалии Стокголм (Sipri) ишора мекунад, ки дар соли 2022, будҷаи низомии Қазоқистон 0.5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ будааст. Ин рақам ба таври қобили таваҷҷуҳе камтар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ба ин тартиб, махориҷи дифоӣ аз тавлиди нохолиси дохилӣ дар Қирғизистон 1.5 дарсад ва дар Тоҷикистон 1 дарсад баровард шудааст. Иттилооте барои Узбакистон ва Туркманистон дар дастрас нест.

Барои муқоиса, будҷаи низомии Амрико ба 3.5 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ мерасад ва Русия 4.1 дарсад ва Чин танҳо 1.6 дарсад ихтисос медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад