Бузургтарин шикаст аз соли 1948-ро мутаҳаммил шудем

Вазири собиқи амнияти дохилии режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки ҳафтуми октябри ҷорӣ хатарноктарин шикасти режими саҳюнистӣ аз ҷанги соли 1948 токунун ба вуқӯъ пайвастааст.

Моше Яълон эътироф кард, ки шикасти ҳафтуми октябри режими саҳюнистӣ, як шикасти низомӣ, иттилоотӣ ва роҳбурдӣ буд, ки аз ҷанги соли 1948 токунун ба вуқӯъ пайвастааст.

Аз сӯи дигар “Эҳуд Олмерт”, нахуствазири пешини режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ низ дар эътироз ба авзоъи кунунии режими ишғолгари саҳюнистӣ гуфт: акнун ва дар ҷараёни ҷанг тағйири Бенёмин Нетаняҳу лозим аст ва ҳар рӯз, ки вай дар қудрат боқӣ мемонад, хатарҳо ва осебҳои бештаре мутаваҷҷеҳи Исроил мешавад.

Муқовамати Фаластин дар вокуниш ба ҷиноёти артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҳаққи Фаластиниён, мавҷи ҷадиде аз ҳамалоти мушакии худ алайҳи арозии ишғолиро ба анҷом расондааст.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ шаҳракҳои режими саҳюнистӣ атрофи Навори Ғазза бо мушакҳои гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳадаф қарор гирифта шудааст.

Ҳамчунин ожири ҳушдор дар Асқалон, Телавив, Гӯшдон ва атрофи фурудгоҳи Ибни Гӯрин ба садо даромадааст.

Каме пештар низ гурдонҳои Қасом (шохаи низомии ҷунбиш муқовимати исломии Фаластин Ҳамос) эълом кард, ки минтақаи «Димона» дар арозии ишғолиро мушакборон кардааст.

Қасом эълом кард, ки ин мушакборонро дар вокуниш ба ҷиноёти артиши режими ҷинояткор ва наслкуши саҳюнистӣ дар ҳаққи ғайри низомёни фаластинӣ дар Ғазза анҷом додааст.

Илова бар ин расонаҳои хабарӣ аз ба садо даромадани ожири ҳушдор дар минтақаи ишғолии Димона ва ҷануби арозии ишғолӣ хабар доданд.

از موج جدید موشک‌باران اراضی اشغالی تا آوارگی 200 هزار شهرک‌نشین

200 ҳазор шаҳракнишинро ба овора табдил кардаем

Авигдор Либерман, Вазири ҷанги пешини режими кӯдаккуши Исроил низ бо таваҷҷуҳ ба идомаи ҷанги Ғазза эълом кард, ки 200 ҳазор шаҳракнишинро ба «овора» дар «Исроил» табдил кардаем.

Вазири ҷанги пешини режими ишғолгар ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар идомаи интиқодоти худ аз сиёсатҳои ҷангталабонаи кобинаи Бенёмин Нетаняҳу изҳор кард, ки ҳеҷ кадом аз ин афрод, ба шаҳракҳои худ боз нахоҳанд гашт.

Фаъол шудани ожири ҳушдор дар арозии ишғолӣ дар марзи Лубнон

Расонаҳои режими ғосиби Исроил таъкид карданд, ки ожири ҳушдор дар минтақаи Ал-Ҷалил дар шимоли арозии ишғолӣ ба садо дар омад ва мушакҳое аз ҷануби Лубнон ба ин минтақа шиллик шуд.

بیانیه مقاومت لبنان درباره حمله به پایگاه‌های صهیونیستی

Дар ҳамин росто муқовимати исломии Лубнон аз ҳамла ба як ягони исроилӣ дар пойгоҳи Моликия ва ҳадаф гирифтани он бо силоҳҳои муносиб хабар дод.

Идомаи ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ба мавозеи саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе аз ҳамла ба пойгоҳи Исроилии Ас-Самоқа хабар дод.

Дар ин баёния омадааст: муборизони муқовамати исломии Лубнон пойгоҳи Исроилии Ас-Самоқа дар киштзорҳои ишғолии Шабъоро бо силоҳҳои муносиб ҳадаф гирифтанд ва онро нобуд карданд.

Ҳамалоти беамони муборизони Қасом ба пойгоҳи саҳюнистии Эриз

Муборизони Қасом пойгоҳи Исроилии Эризро ҳадафи ҳамалоти сангини мушакӣ ва хумпораӣ қарор додаанд то аз ирсоли кӯмак ба низомиёни Исроил, ки дар атрофи ин пойгоҳ дар камини муқовимат гирифтор шуданд, ҷилавгирӣ кунанд.

Муборизони муқовамат пеш аз ин таъкид кардандан, ки танкҳои исроилӣ дар атрофи пойгоҳи Эриз бар асари ҳамалоти муқовимат оташ гирифт ва шуморе аз низомиёни исроилӣ кушта шуданд.

غافلگیری اشغالگران از کمین مبارزان فلسطینی و هلاکت چند صهیونسیت

Эътирофи саҳюнистҳо ба ҳалокати низомиёни худ дар амалиёти Қасом

Расонаҳои исроили эътироф карданд, ки дар амалиёти муборизони Қасом дар минтақаи Эриз дар шимоли Каронаи Бохтарӣ шуморе аз низомиёни онҳо кушта ва ё маҷрӯҳ шуданд.

Идомаи даргириҳо дар шимоли Навори Ғазза

Муборизони Қасом пушти хутути истиқрори низомиёни душман наздики пойгоҳи Эриз фуруд омаданд.

Радиои артиши Исроил бо таъкид бар идомаи даргириҳо миёни муборизони фаластинӣ ва низомиёни исроилӣ дар минтақаи Эриз, аз ҳамалоти сангини хумпораӣ аз Ғазза ба самти минтақаи Эриз хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад